Душанбе инвест – 2023. Чӣ диданду чӣ гуфтанд?

Рӯзҳои 29-30-юми сентябр дар пойтахт форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони “Душанбе инвест — 2023” дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ин форум сармоягузорони як қатор давлатҳо ва намояндагони калидии вазорату идораҳо ва дипломатҳоро ба ҳам овард.

150 млрд сомонӣ сармояи хориҷӣ дар 20 сол

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар форум иштирок карда, изҳор дошт, ки ташаккул додан ва таъмин намудани рушди иқтисоди рақамӣ, иқтисоди сабз, низоми ягонаи нақлиётӣ, рушди долонҳои нақлиётӣ ва истифодаи самараноки иқтидори транзитии кишварҳо барои ҳама ҷонибҳо аҳамияти хоса дорад. «Имрӯз дар Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, вусъат додани имкониятҳои содиротии кишвар, беҳбуд бахшидан ба вазъи бозори меҳнат ислоҳоти иқтисодии муваффақона амалӣ шуда истодааст. Дар бист соли охир ба кишвари мо беш аз 150 млрд сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла ба маблағи умумии 60 млрд сомонӣ сармояи мустақил ҷалб гардидааст»,- иброз дошт номбурда.

Ӯ таъкид намуд, ки дар кишвари мо саноатикунонии босуръат яке аз ҳадафҳои стратегияи миллӣ эълон шудааст. Дар ин самт корҳои назаррас амалӣ гардида, то имрӯз беш аз 3 ҳазор корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки дар натиҷа ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2000-ум 31 баробар афзуд.

30 лоиҳаи Русия дар Тоҷикистон

Сафари муовини сарвазири Русия Марат Хуснулин низ ба Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамин форум сурат гирифт. Ӯ бо сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ дидору вохӯрӣ дошт.

Марат Хуснулин дар ин форум изҳор дошт, ки ҳамкории мутақобилаи Русия ва Тоҷикистон дар руҳияи шарикии стратегӣ рушд мекунад.

“Имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 30 лоиҳаи муштарак бо маблағи умумии зиёда аз 100 млрд рубл амалӣ мешавад”,- изҳор дошт Хуснулин.

Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия, дар гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон Русия зинаи аввалро ишғол намудааст.

“Мо ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо идома медиҳем”,- изҳор дошт ӯ.

Ба таъкиди номбурда, соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол байни Русия ва Тоҷикистон 18% — то 1,43 млрд доллар афзуд.

“Мо фаъолона ба Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунем: имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 130 млрд рубл сармоягузории андӯхта мутамарказ шудааст”,- гуфт Хуснулин.

Ҳамчунин, ӯ илова кард, ки Русия ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор буда, форуми сармоягузорӣ дар муҳити тиҷоратии Русия таваҷҷуҳи зиёд ба бор овард.

Гуфта мешавад, ки ба ҳайати Русия, ки Хуснулинро дар Душанбе ҳамроҳӣ мекард, 150 нафар намояндагони тиҷорат ва мақомоти иҷроияи ҳокимият шомил буданд.

Намоиши истеҳсоли ватанӣ

Дар доираи форуми байналмилалии «Душанбе инвест — 2023» дар пойтахт намоишгоҳи дастовардҳои миллӣ низ баргузор шуд. Дар ин намоишгоҳ, ки дар бинои «Кохи Истиқлол» идома кард, сармоягузорони хориҷӣ аз ғурфаҳо бо дастовардҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, металлургия, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шинос гардиданд. Илова бар ин, саноати миллии мошинсозӣ ва технологӣ, ки дар якҷоягӣ бо шарикони хориҷӣ сохта шудаанд, ба таври хоса ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Воқеан ҳам, баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи баланди иқтисодӣ ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат мекунад. Зеро сармоягузороне низ дар форум буданд, ки бори аввал ба Тоҷикистон омадаанд ва онҳо ҳавасанди таъсиси корхонаҳои муштарак ҳастанд.

Ширкаткунандагон дар ҷараёни ҳамоиш бо иқтидор ва фазои сармоягузории Тоҷикистон ошно шуданд ва дар бахшҳои мухталиф як қатор созишномаҳоро ба имзо расониданд. Онҳо аз МОИ-и “Данғара” ва НБО-и “Норак” низ дидан намуданд.

У. РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *