Душанбе: Мард занашро 6-корд зад

Бино ба маълумоти ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар сӯиқасд ба куштор дастгир карда шуд.

Номбурда, санаи 28-уми январи соли 2018, тахминан соати 23:30-дақиқа, ҳангоми дар хонаи истиқоматиаш қарор доштан бо ҳамсараш, зани 30-сола аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 6-маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *