Душанбе: Милисаҳо пули гадозанро гирифтанд

Милисаҳо як пиразанеро, ки аз ночорӣ дар маҳаллаи Сирки Душанбе талбандагӣ мекард, 40 сомонӣ ҷарима бастаанд. Наздикони пиразан мегӯянд, ки ӯ дигар аз тарс аз хона намебарояд. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, милисаҳо ғайриқонунӣ пулҳои талбидаи ин занро гирифтаанд.

Хабаргузории «Азия Плюс” рӯзи 14 сентябр хабар дод, ки милисаҳо дар маҳаллаи Сирки шаҳри Душанбе 40 сомонӣ пули аз мардум талбидаи як пиразанро гирифтаанд. Ин пиразан аз ночорӣ дар ин маҳаллаи Душанбе талбандагӣ мекард.

Як сокини ноҳияи Фирдавсӣ, ки ин пиразанро мешиносад, ба «Азия Плюс” занг зада гуфтааст, ки ин зан як нафақахӯри танҳост, ки пули нафақааш барои харидани доруву дармон намерасид ва ӯ аз ночорӣ талбандагӣ мекард: «Касе то ҳол ӯро даст намекофт, вале ҳафтаи гузашта милисаҳо пешаш омада, 40 сомонӣ ҷаримааш бастаанд ва гуфтаанд, ки дигар дар кӯча пайдо нашавад. Ҳоло ӯ дигар метарсад, ки аз хонааш берун барояд.”

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ баргузории рейдҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо талбандаҳоро тасдиқ кардааст ва гуфтааст, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ кори ҳамарӯзаи ниҳодҳои милиса аст. Вале, афзудааст Умарҷони Эмомалӣ, «рейдҳо асосан нисбат ба ҷугиҳо анҷом мешаванд. Онҳо мардуми комилан қобили коранд, ки талбандагиро ба касби худ табдил додаанд. Онҳо бо ин рафтори худ симои пойтахтро хароб мекунанд, дар кӯча ба мардум мечаспанд.”

Сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ гуфт, бо мардуми солхӯрда ва маъюбоне, ки дар кӯча талбандагӣ мекунанд, асосан корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад: «Агар шароити зиндагиашон сахт бошад, онҳоро ба Хонаҳои солхӯрдагон ва маъюбон, ки дар пойтахт вуҷуд доранд, мефиристанд. Дар онҷо барои онҳо тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Вале агар кӯдакон дар кӯчаву бозор талбандагӣ кунанд, волидони онҳоро бар асоси қонуни масъулияти падару модар ҷарима мебанданд. Ҷарима барои чунин аъмол баробари се нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 150 сомониро ташкил медиҳад.”

Аммо дар мавриди пиразане, ки дар маҳаллаи Сирк барои талбандагӣ ҷарима баста шудааст, Умарҷони Эмомалӣ ба «Азия Плюс” гуфт, милисаҳо аз вай ғайриқонунӣ ҷарима ситондаанд ва ин зан метавонад бо телефони боварӣ (221 21 21) ба вазорати дохила муроҷиат кунад.

Рейдҳо нисбат ба талбандагон ва кӯдакони оворагард дар кӯчаҳои Душанбе дар ҳафтаҳои охир афзоиш ёфтаанд. Ин дар пайи қарори иҷлосияи рӯзи 24 июли Маҷлиси вакилони пойтахт аст, ки мақомоти корҳои дохилӣ ва маорифро муваззаф кард, то ҷиҳати коҳиш додани шумораи кӯдакони оворагард ва талбандагон дар кӯчаҳои Душанбе чора бияндешанд. Ин мақомот муваззаф шудаанд, ки дар бораи натиҷаҳои бадастовардаашон дар амри кам кардани кӯдакони оворагард ва талбандаҳо то поёни сол ба шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ гузориш бидиҳанд.

Ба истиснои ҷугиҳо, ки талбандагиро касби бобоии худ мешуморанд, бахши аъзами гадоён дар пойтахти Тоҷикистонро афроди маъюб ва пирони танҳо, ки нафақаашон барои таъмини зиндагии онҳо намерасад, ташкил медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *