Душанбе мизбони Форуми олимони Тоҷикистону Эрон
Рӯзҳои 15-16 январи соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми олимон ва пажуҳишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад.
Дар и н бор аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳошияи форум иштирокчиён бо якчанд муассисаи илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос мешаванд.
Ҳамзамон, меҳмонони форум мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисорро тамошо мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 15 январ Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар доираи сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.
«Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Эрон чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ҳамоишҳои илмӣ, тиҷоратии ду кишвар низ дар ҳошияи сафари Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён сурат мегиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ