Душанбе: Оғози Кинофестивали байналмилалии «Дидор»

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик 8-умин  Кинофестивали байналмилалии «Дидор»  баргузор мегардад.

Тавре аз «Хонаи кино» (Кинотеатри «Зебуннисо»)-и шаҳри Душанбе мунаққиди соҳаи кино Саъдулло Раҳимов хабар дод, дар кинофестивали мазкур  филмҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Россия, Муғулистон, Украина, Эстония, Гурҷистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва Ӯзбекистон  ба намоиш гузошта мешаванд. Бояд гуфт, ки дар Кинофестивали байналмилалии «Дидор»  тӯли 5  рӯз беш  аз 60 филми гуногунҳаҷм ба намоиш гузошта мешаванд.

Ба  иттилои манбаъ, Кинофестивал имрӯз, соати  18:00 дар театри ба номи А. Лоҳутӣ ифтитоҳ меёбад. Дар  Кинофестивали байналмилалии «Дидор»   зиёда аз 20 филми тоҷикӣ ба намоиш гузошта мешаванд, ки аз ин шумора  9 филм пурра ва 12 –тояш филмҳои  кӯтоҳметраж  мебошанд.

Инчунин дар доираи кинофестивал «Барномаи ҳамсояҳо» доир шуда, филмҳо аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон намоиш дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 16 октябр дар Тоҷикистон  Рўзи кинои тоҷик таҷлил гардида, бахшида ба ин рӯз ҳамасола аз 16 то 20 октябр  Кинофестивали байналмилалии «Дидор» доир мегардад.

Кинои тоҷик фаъолияти худро 11 сентябри соли 1929 оғоз намуда, дар тўли 88 соли мавҷудияташ симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос кардааст. Кинои тоҷик тӯли ин солҳо ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро то андозае иҷро карда, ҳамчун оинаи миллат мардуми моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Бояд гуфт, ки дар доираи Кинофестивали байналмилалии «Дидор» намоиши   филмҳо ҳамарӯза   аз соати 10:00 то 20:00 тавассути 5 намоиш пешниҳод  мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *