Душанбе — Пекин. Парвозҳо барқарор мешаванд
Тоҷикистону Чин ният доранд, ки парвозҳои мустақимро байни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин барқарор кунанд. Ин масъала 11-уми март дар мулоқоти роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо сафири Чин дар Тоҷикистон Тсзи Шумин мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳо дар бахши авиатсия ва кушодани хатсайрҳои нав таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Сафири Чин иброз дошт, ки кишвараш ният дорад хатсайрҳои мустақими бештарро аз шаҳрҳои дигари Чин ба Тоҷикистон роҳандозӣ кунад.
Хатсайри ҳавоӣ байни Душанбе ва Пекин бори аввал соли 2016 роҳандозӣ шуда буд, аммо бо сабабҳои гуногун чандин маротиба қатъ гардид. Пас аз хуруҷи пандемияи COVID-19, танҳо хатсайрҳои Душанбе — Урумчӣ ва Хуҷанд — Қошғар барқарор шуданд.
Гуфта мешавад, ки барқарор кардани хатсайри Душанбе — Пекин метавонад ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, афзоиши шумораи сайёҳон ва таҳкими равобити тиҷоратӣ байни ду кишвар мусоидат намояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ