Душанбе – пойдевори Бухоро

Маҷмӯаҳои «Орзуҳои кӯдакӣ» ва «Суқути сукут»- ро мунташир кардааст. Родмеҳр алҳол довталаби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Родмеҳр Сулаймонӣ (Меҳриддин Сулаймонов) 10-уми июли соли 1998 дар ноҳияи Масчоҳ ба дунё омадааст. Кӯдакӣ ва наврасии ӯ дар деҳааш сипарӣ гашта,  литсейи №1-и ба номи Обид Ғиёсовро  хатм намудааст. 

Маҷмӯаҳои «Орзуҳои кӯдакӣ» ва «Суқути сукут»- ро мунташир кардааст.  Родмеҳр алҳол довталаби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Накҳатистон

Чатри истиқлоли мо во гаштааст,

Сояи ваҳдат ҳувайдо гаштааст.

Лоиҳа то лоиҳа ин миллатам,

Ваҳдатафзо, ваҳдатафзо гаштааст.

Соҳили армони мо бемунтаҳост,

Қоиқи мо ҳусни дарё гаштааст.

Асрҳои рафта неку бад ҳама,

Солҳо табдили ҳоло гаштааст.

Рӯдакӣ бо дидаи рӯдаш кунун,

Бо садои уд бино гаштааст.

Лавҳаи миллат заволи иллат аст,

Навҳаи Таҳмина ҷо-ҷо гаштааст.

Пойтахти мо Душанбеи бузург,

Пойдевори Бухоро гаштааст.

Фатҳи мо аз қуллаи ваҳдат гузашт,

Ҷои ҷалди рушди дунё гаштааст.

Дар насимистони миллат руст гул,

Накҳатистони тамошо гаштааст.

Нақби қалби халқи нусратрӯзи ман,

Дар убури ҳарфи воло гаштааст.

Шабчароғу рӯшноист рӯзгор,

Тоҷикистон марзи эҳё гаштааст.

Иштибоҳ

Посухе бар ман навиштӣ кош мегуфтӣ гуноҳ,

Гуфтамат аз ишқ гуфтӣ ишқ, яъне «иштибоҳ».

Ҳисси ман эҳсосро парвард аз чашмони ту,

Ёри аслан эътиноорам манам аз буғзи роҳ.

Пар кашидӣ, эй парастуи хаёлӣ, аз барам,

Нокуҷое меравӣ вобастатам, эй бепаноҳ.

Орзую иштиёқам рафт, посух талх буд,

Бо сукути ман шудӣ овора дар овои оҳ.

Боз рафтам сардсар то пушти қасри яъспӯш,

Ҳар куҷое хӯ гирифтам ҳеҷ н-овардӣ нигоҳ.

Муҳтавои гесӯвонат бозгӯи умри ман,

Мубталою печ печам дар ғамат, эй рӯсиёҳ.

Рав, ки иҷборан магир ҷони маро, эй маргхӯ,

Мекунам исрор бо ту ишқ, яъне иштибоҳ.

Муҳаббати ҳамешасабз

Нафас намекашам аз ин ҳавои маснӯӣ.

Маро ҳамон кифоя, ки туам ба паҳлуӣ.

Биё, ки баҳор интиқоли фасли дай аст,

Ту сабзтарин гулбуне шабеҳи шаббӯӣ.

Сукути лаҳзаҳои нафасҳои холиям,

Дар инҷимоди ҳама манҷалоби минӯӣ.

Биёву ҷоизи ҷозибаи нигоҳам шав,

Чӣ суд аз он, ки маро аз канор мепӯӣ.

Ту аз гулобрангии андешаам мапурс,

Фазои хотира дорам чу таъми лимӯӣ.

Ба эҳтиёҷи суханҳои хуби ман баргард,

Битарс з- инфиҷори вожаҳои мамнӯӣ.

Ба он муҳаббати ҳамешасабзи рӯҳонӣ,

Қасам, ки ту аз фаришта беҳу улгӯӣ.

Барои беҳтарин ғазали ман туӣ маъно,

Мабод дар миёнаи мо ҳавои берӯӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *