Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳод шуд
Сертификати «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021»-ро ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ супориданд.
Дар рӯзи авваои Наврӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маросими ифтитоҳи расмии Пойтахти фарҳангии ИДМ-2021 эълон гардидани Душанбе баргузор шуд.
Дар маросими мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар оғози барнома муовини Раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумангулов ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов дар бораи таърих ва аҳамияти барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» маълумоти муфассал дода, сертификати «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021»-ро ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ супориданд.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи ИДМ 22 ноябри соли 2020 дар маҷмааи таърихию фарҳангии «Ситадел» -и шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон маросими пӯшидашавии соли «Шимкент — пойтахти фарҳангии ИДМ-2020» ва супоридани навбат ба шаҳри Душанбе барои соли 2021 баргузор гардид.
Аввалин «Пойтахти фарҳангии ИДМ» шаҳри бостонии Беларус Гомел интихоб гардидааст. Аз шаҳрҳои Тоҷикистон — шаҳри Кӯлоб соли 2015 ин мақомро соҳиб гашта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ