Душанбе: Шӯрӯъи Ҳафтаи таҳсили байналмиллалӣ

Аз 13 то 17 ноябр бо ташаббуси сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар ин бора рӯзи 10 ноябр вебсайти сафорати ИМА дар Душанбе хабар дод. Дар ҷараёни ин барнома муассисаҳои таълимии мисли Шӯрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Маркази фарҳангии Бактрия, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA), Бунёди Оғо Хон, ДААД (DAAD), Кафедраи ЮНЕСКО оид ба идоракунии захираҳои обии Осиё Маркази дар назди Донишгоҳи Қазоқистону-Олмон, Ассотсиатсияи Тоҷикистон Оид ба мубодилаи донишҷӯён имкониятҳои худро ба намоиш мегузоранд.

Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ ба хотири табодули иттилои ҷавонон дар мавзӯи таҳсил дар саросари ҷаҳон баргузор мешавад.

Барномаи «Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ» дар Тоҷикистон солиёни зиёд аст, ки баргузор мешавад.

Дар Тоҷикистон ҷавонҳои зиёд барои таҳсил дар хориҷа алоқамандӣ зоҳир доранд ва ҳазорҳо ҷавонон дар солҳои охир дар мактабҳои ИМА, Аврупо ва дигар нуқоти ҷаҳон таҳсил мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *