Душанбе: шукӯҳи нави Наврӯзгоҳ

Имрӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Ороиши саҳна, барномаҳо аз солҳои қаблӣ бо касбият ва муосир будани худ фарқ мекарданд. Ҳарчанд ин шом боронӣ буд, вале ҳашомат ва шукӯҳи хосае дошт. Дар Наврӯзгоҳ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳамватанон, сокинони пойтахт ва меҳмононро бо иди бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрику таҳният гуфт.

Таъкид гардид, ки воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо — тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона — дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки яке аз рамзҳои дигари наврӯзӣ — тозаву озода кардани хонаву манзили зист, кӯчаву хиёбон ва шинонидани ниҳолу коштани донаи умед мебошад. Пешвои миллат мардумро ба заҳмати содиқона бар нафъи ободию пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон ҳидоят намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи  мардуми кишварро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик карда, ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ файзу барор орзу намуданд.

Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи рангину пурмӯҳтавои театрикунонидашудаи устодони санъат, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ рангин гашта буд.

Дар анҷоми ҷашни наврӯзӣ оташпаронӣ (фейерверк)-и бошукуҳе баргузор гашт.  Тавре ба tajikistantimes хабар расид, фардо Президенти Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар мекунад ва то 26 март дар Хуҷанд ва Исфара ҷашни наврӯзӣ баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *