Душанбе соҳиби боз як ноҳия мешавад

Қаламрави шаҳри Душанбе аз ҳисоби ҳудудҳои ноҳияи ҳамшафати Рӯдакӣ васеътар мешавад.

Хабаргузории «Ховар» рӯзи 17-уми декабр аз қавли Шодимурод Аловиддинов, муовини сармеъмори шаҳри Душанбе навиштааст, масъалаи васеъ кардани қаламрави пойтахти рӯзи 18-уми декабр дар ҷаласаи вакилони шаҳр баррасӣ мешавад.Ба иттилои Аловуддинов, 7659 гектар замин аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҷумла, ҷамоатҳои деҳоти Чоряккорон, Сарикиштӣ, Гулистон, Чортеппа, Чимтеппа, «Россия» ва ғайраҳо ба ҳудуди шаҳри Душанбе мегузаранд.Ба гуфтаи ин мақоми шаҳрдорӣ қисмати зиёди заминҳои ба пойтахт ҳамроҳшуда ба ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рост меояд. «Аз ин рӯ, зарурати таъсиси боз як ноҳияи дигар дар ҳудуди пойтахт пеш меояд», гуфтааст Аловуддинов.Баробари ба пойтахт ҳамроҳ шудани ин минтақаҳо, дар ҷойи деҳаи Чортут, ки алҳол ба ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад, ҳудудҳои махсуси обтаъминкунии пойтахт бунёд гардида, минтақаи корезӣ, ки алҳол дар маҳаллаи Гулбутта қарор дорад, ба деҳаи Сарикиштии алҳол ба ҳудуди ноҳияи мазкур тааллуқдошта кӯчонида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *