Душанбе: Толори варзишӣ ба макони карантин табдил ёфт
Толори варзишии «Манеж”, ки дар байни варзишгоҳи марказии пойтахт ҷойгир аст, ба макони карантин табдил ёфт.
Рӯзи гузашта дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” бо нашри ду акс чанд нафар хабар доданд, ки толори варзишии «Манеж”-и шаҳри Душанберо ба макони карантин табдил додаанд. Бояд гуфт, ки толори варзишии «Манеж”-и дар байни варзишгоҳи марказӣ ва толори ВДНХ ҷойгир шуда, як макони муҳими машқи гуштин ба ҳисоб меравад. Чунене аз аксҳои нашршуда дида мешавад, дар толори «Манеж” шумори зиёди катҳо гузошта шудаанд.
Онҳое, ки ин аксҳоро нашр карданд, мегӯянд, дар остонаи сафари ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ «Манеж”-ро ба макони карантини шахсоне табдил додаанд, ки бо эҳтимоли сирояти коронавирус бистарӣ карда мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ