Душанбе-Тошканд парвоз бо хатсайри мазкур боз мавқуф гузошта шуд

4-уми  апрел дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт муаррифии кушодавии намояндагии расмии Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» дар Тоҷикистон барпо гардид.

Ҳозирин – намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои хусусӣ, сафоратҳои мустақар дар Душанбе ва рӯзноманигорон зимни ифтитоҳи муаррифӣ аз забони сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов шуниданд, ки паррвоз бо хатсайри Душанбе – Тошканд боз ба муддати як ҳафта мавқуф гузошта мешавад. Қабл аз ин ҷонибҳо иброз карда буданд, ки парвозҳо бо тайёра тавассути хатсайри мазкур моҳи март баргузор хоҳанд шуд.

Шоқосим Шоисломов  сабаби кашолёбии масъалаи мазкурро  дар пурра омода карда нашудани санадҳои ҳамкории дахлдор миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба забон овард.

— 5 апрел як ҳайат аз Тоҷикистон ба шумули намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, вазоратҳои умури хориҷӣ, адлия, нақлиёт ва ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» озими Тошканд мешавад ва як рӯз баъд бо мақомоти Ӯзбекистон роҷеъ ба масоили вобаста ба парвозҳо, аз ҷумла боз кардани намояндагии «Сомон Эйр», гуфтугӯ хоҳанд кард. Барои рафъи мушкилоти ба миёномада намояндагони ва ширкати ҳавопаймоии Фурудгоҳи Тоҷикистон  пагоҳ ба Тошканд сафар хоҳанд кард, — афзуд сафир Ш.  Шоисломов. – Аз рӯзноманигорон хоҳиш дорам, ки аз масъалаи мазкур ҳангома насозанд ва ба он либоси сиёсӣ напӯшонанд.

Инчнин, бинобар  гуфтаи  Ш. Шоисломов, «ҷониби Тоҷикистон нархи чиптаи тайёраро барои хатсайри Душанбе — Тошканд дар зарфи 45 дақиқаи парвоз  $145 муқаррар намудааст, ки хеле қимат  аст. Хатсайри мазкур фақат барои бизнесмену мансабдорон нест-ку. Аз рӯйи адолат мебуд, агар аз он, пеш аз ҳама, шаҳрвандони одӣ истифода бурда тавонанд».

Намояндаи расмии Ширкати ҳавоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» Ориф Рӯзимуродов иттилоъ дод, ки парвози доимӣ ба Душанбе ба муҳлати дертар – 11 апрели соли равон мавқуф мегузоранд. Ширкат бошад, сабаби инро  дар  пур нашудани тайёра бо мусофирон ва боркашонӣ медонад. «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» имрӯз парвозҳои доимии худро ба хатсайрҳои 40 давлати Аврупо, ИДМ ва Осиё ба роҳ мондааст.

Дар муаррифӣ ёдрас шуд, ки алоқаи ҳавоӣ байни ду кишвари ҳамсоя ва дӯст соли  1992, бо оғоз шудани дигаргуниҳои  сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, қатъ гардид. Моҳи  ноябри соли 2016 дар Душанбе, ҳангоми нишасти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории  тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон созишнома дар бораи аз нав роҳандозӣ кардани алоқаи ҳавоӣ миёни пойтахтҳои ду давлат дар нимсолаи аввали соли 2017 ба имзо расида буд.

Муаррифии намояндагии расмии Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ширкати мазкур ба сифати андозсупор дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Ва ҳамин амалро дар Ӯзбекистон аз тарафи Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» интизоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *