Душанбе ҳудудашро васеъ мекунад

Ноҳияи 5 – ум чӣ тавр бунёд мешавад?

Рӯдакӣ 7 ҷамоатро аз даст медиҳад

18 декабри соли гузашта дар  Иҷлосияи  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе яке аз масъалаҳои асосӣ  — тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе  буд ва доир ба он қарори дахлдор қабул гашт. Сокинони пойтахт ва ноҳияи Рӯдакӣ аз  ин масъалаи ҳаётан муҳим воқиф шуда, ба ташвишу изтироб омадаанд. Ин масъала кай ва барои чӣ айни замон ба мавзӯи рӯз табдил ёфтааст? Агар амалӣ карда шавад, мардумро чӣ мушкилоте ба сар омаданаш мумкин аст? Ба ин саволҳо раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе Муҳаммадсафо Раҷабализода ва  муовини сардори Сарраёсати  меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе Шомурод Аловиддинов посух доданд.

-Масъалаи тағйирдиҳии сарҳади Душанбе боре аз ҷониби роҳбарияти собиқи пойтахт  ба миён гузошта шуда буд, аммо буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, ки ба кишвари мо низ асар карда буд, татбиқи масъалаи мазкурро мавқуф гузошт, — гуфт Муҳаммадсафо Раҷабализода.

–Нишотовар аст, ки кишвари мо аз буҳрони иқтисодӣ мустақилона раҳо ёфт ва ин имконият фароҳам овард, ки аз пайи татбиқи масъалаи мазкур шавем.

Вобаста ба васеъкунии сарҳади Душанбе ба Кумитаи идораи замин дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ расиданд. Ҳадафи ҳамаи он  баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва истироҳату фароғати сокинони пойтахт, беҳдошти сатҳу сифати хизматрасониҳои маишӣ, таъмини  аҳолии шаҳр бо манзили истиқоматӣ ва ба яке аз шаҳрҳои зеботарини дунё табдил додани пойтахти тоҷикон мебошад. Ин аҳдоф дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  соли 2017 “Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе” инъикос гардида, баҳри татбиқаш гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони масъули вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуд.

Аксбардорӣ аз тариқи дастгоҳи авиатсионии бесарнишин дар заминаи системаи тури геодезии умумиҷаҳонии WGS-84 ҳолати воқеии истифодабарии заминҳои ҳудуди шаҳри Душанберо аниқ ва заминҳои мувофиқи дурнамо ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда муайян  шуда, ба гурӯҳи корӣ пешниҳод гардид.

Ба ҳолати 1 январи соли 2018 майдони умумии шаҳри Душанбе 12 659 гектарро ташкил медиҳад. Гурӯҳи корӣ дар муддати як сол баҳисобгирии ҳолати воқеии истифодабарии қитъаҳои замин ва гузариши хати сарҳадро дар ҳудуди заминҳои ба шаҳри Душанбе воридшаванда аз ҳисоби заминҳои ҷамоатҳои деҳоти “Чоряккорон”, “Чортеппа”, “Сарикиштӣ”, “Чимтеппа”, “Навобод”, “Россия” ва “Гулистон”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар масоҳати умумии 7659,25 гектар муқаррар намуд. Гурӯҳ маводҳои заминсозиро бо тартиби муқарраргардида омода карда,  ба маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳои деҳоти мазкур барои баррасӣ пешниҳод намуд. Маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳои деҳоти “Чоряккорон” аз 2 июли соли 2018 дар масоҳати 477,26 гектар, “Чортеппа” дар масоҳати 497, 36 гектар, “Навобод” дар масоҳати 2,0 гектар, “Сарикиштӣ” дар масоҳати 1687,64 гектар, “Чимтеппа” дар масоҳати 2770,34 гектар, “Россия” дар масоҳати 1305,53 гектар, “Гулистон” дар масоҳати 919,12 гектар заминро барои ба ҳудуди шаҳри Душанбе ҷудо карда додан қарор қабул карданд.

Минбаъд, боназардошти васеъшавӣ аз ҳисоби заминҳои ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, масоҳати умумии шаҳри Душанбе ба 20 318,25 гектар расонида мешавад. Ин тағйирот дар доираи татбиқи марҳилаи аввали  Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  амалӣ мегардад ва  қисмати ҷанубу ғарбии   ноҳияи Рӯдакиро дар се марҳила –то солҳои 2025, 2030 ва 2040 фаро хоҳад гирифт.

Ноҳияи нав дар Душанбе

Тибқи иттилои муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шомурод Аловуддинов,  дар 7659,25 гектари ба ҳудуди пойтахт иловашуда  шаҳракҳои нав бо тамоми инфрасохтор, таваққуфгоҳҳо, беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, шабакаҳои обтаъминкунии корезӣ, минтақаҳои   истеҳсолӣ,  ҳудудҳои муҳофизатӣ, аз ҷумла боғу ҷангалзорҳо,  биноҳои мутааллиқ  ба сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳия ва  бунёд мегарданд.

-Қисмати зиёди заминҳои ба пойтахт ҳамроҳшуда ба ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рост меояд. Аз ин рӯ, эҳтимолияти таъсиси боз як ноҳияи дигар дар ҳудуди пойтахт пеш меояд, — иброз намуд Ш. Аловуддинов.

-Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе зикр шуд, ки дар ҷойи деҳаи Чортут, ки алҳол ба ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад, ҳудудҳои махсуси обтаъминкунии пойтахт бунёд гардида,  минтақаи корезӣ, ки алҳол дар маҳаллаи Гулбутта қарор дорад, ба деҳаи Сарикиштии Ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ марҳила ба марҳила кӯчонида мешавад.

Тибқи Нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе афзоиши шумораи аҳолӣ дар  ҳудуди лоиҳавӣ  дар марҳалаи аввал то соли 2025  936 ҳазор нафар ва дар муҳлати ҳисобӣ то соли 2040  1 миллиону 176 ҳазор нафар  муайян гардидааст.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки азхудкунии заминҳоро мувофиқи талаботи воқеӣ ва ҳаҷми сохтмон дар ҳудуди шаҳри Душанбе то солҳои 2040 марҳила ба марҳила амалӣ ва дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо то соли 2025 нақшаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва мавзеъҳои  атрофи онро тарҳрезӣ намояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсуда ва дар навбати аввал биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро  тартиб дода, онро дар доираи нақша-чорабиниҳо  то соли 2025 амалӣ мекунонад ва минбаъд то соли 2040  сохтмони инфрасохтор, хатҳои муҳандисӣ, нақлиёт, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ  ва майдонҳоро мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ  мондааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакиро вазифадор намудааст, ки  ба бунёди иншооти сохтмони асосӣ ва ниҳолзори бисёрсола  дар  заминҳое, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  ҳамчун ҳудуди дурнамои рушди шаҳр муайян шудаанд, роҳ надиҳанд.

Э. НАЗАРОВ,

«Тоҷикистон»

P.S. Хонандагони гиромӣ! Назари шумо ба ин қарор чӣ гуна аст? Ба ноҳияи панҷум, ки дар пойтахти кишварамон дар заминаи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таъсис хоҳад ёфт, кадом номро арзанда медонед? Дар ин бобат андешаи худро ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи «Тajikistantimes» Email:tojikiston@pressa.tj ирсол намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *