Душанбе ва Суғд чанд соат бебарқ мемонанд
2 ноябр дар вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ аз соати 10:00 то соати 15:00 интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад.
Дар ин бора ба Pressa.tj аз маркази матбуоти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» хабар доданд.
Тибқи итттилои манбаъ, 2 ноябр дар доираи тайёрӣ ба мавсими зимистон дар Хатҳои баландшиддати интиқоли барқи «Регар 500» — «Душанбе-500», «Ҷануб-Шимол» ва Зеристгоҳи «Душанбе-500» корҳои таъмириву барқароркунӣ гузаронда мешаванд.
Дар ин рӯз дар вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои тобеи марказ аз соати 10:00 то соати 15:00 интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад. Иншооти ҳаётан муҳим тавассути хатҳои эҳтиётӣ ва манбаъҳои боқимонда барқ мегиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ