Душанбе: Занозаниву кордкашии навбатии хонандагони мактаб

Дар натиҷаи занозании гуруҳӣ ва кордкашӣ миёни хонандагони мактаби рақами 101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як нафар захмӣ шудааст.

Фарҳод Маҳмадназаров, хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 101 мегӯяд, ҳамлагарон ӯро латукӯб ва бо корд захмӣ карданд. Дар натиҷаи ҳамла дасти рости ӯ захмӣ ва чанд рагаш бурида шуд. Табибони бемористони Қарияи Боло талош доранд, хатари аз ҳаракат мондани се ангушти дасташро бартараф кунанд.

Маҳмадназаров бо ёдоварӣ аз он шаб 2 май гуфт, он шом тасодуфан дар макони моҷаро қарор дошт. «Бародари ман дар донишгоҳи ҳарбӣ мехонад. Мӯзаҳояшро, ки қаблан барои таъмир гирифта будем, бояд месупоридам. Ба падарам гуфтам, ки бояд мӯзаҳоро барам, гуфт, «раву зуд баргард». Ҳангоми бозгашт дар роҳ ҳамсинфам Фирдавс Шарифовро дидам ва бо ҳам сӯҳбат мекардем, ки ногаҳ чанд нафар ба мо ҳамла карданд», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Маҳмадназаров, ҳамлагарон ношинос буданд. Ба эҳтимоли зиёд ба гуфтаи ӯ, нафаре, ки ҳамлагарон бояд ҳадаф қарор медоданд, чанд қадам қафотар аз инҳо қарор дошт ва ҳамлагарон танҳо баъд аз шинохтани Маҳмадназаров ба иштибоҳи худ пай бурдаанд. «Вақте худамро ҳимоя карданӣ шуда, гуфтам инҷо чӣ гап аст? Яке аз онҳо маро шинохт ва гуфт ин Фарҳод аст, ӯро назанед. Ман ӯро шинохтам, вай собиқ ҳамсинфам буд, ки чанд соли пеш аз мактаби мо рафта буд»”, — афзуд ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *