Душанбе зеботар аз Бишкек
Бардошти хабарнигори “Тоҷикистон” аз сафари Қирғизистон
Ҳанӯз аз соати 11:00 рӯзи 8-уми декабр ҳайати панҷнафараи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалӣ Душанбе омодаи сафар ба Алмаатои Қазоқистон будем.
Ин ҳайат бояд соати 13:20 аз Душанбе ба Алмаато барои иштирок дар тренинги “Факчекинг” — далелсанҷӣ, ки дар Бишкеки Қирғизистон баргузор мегардид, парвоз мекард. Аммо бар хилофи нақша, вақти парвоз бино ба сабаби номуносибии боду ҳаво дар Алмаато ба соати 17:00 мавқуф гузошта шуд.
“Гамбургер” бар ивази 150 сомонӣ
Ҳама дар толори интизори соати парвозро интизор буд, баъзеҳо бо изҳори норизогӣ толори интизориро қадам зада, ҳардам ба соати дасташ нигариста, оҳи сард мекашид. Ман бо як ҳамроҳи дигарам, ки корманди Радиои “Ховар” буд ба хотири хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ ба як ошхонае, ки сохти аврупоӣ дошт ва дар як гӯшаи толор ҷойгирифта буд, рӯй овардем.
Пешхизмати ҷавон зуд наздамон шитофта, чӣ хӯрданамонро пурсон шуд. Мо ду “Гамбургер” ва дуто қаҳва фармоиш додем. Барои супоридани маблағи хӯрок пешхизмат назди хазина даъватамон кард, маълум шуд, ки ду қаҳваву ду “Гамбургер” 150 сомонӣ шудааст. Рости чунин нарх дар кишваре, ки ҳадди ақали маошаш 700-800 сомониро ташкил медиҳад бисёр хандаовар ва ба гунае ҷабровар мебошад…
Вақти парвоз ҳам наздик мешуд, ақрабаки соат ба 17 дакка мехӯрд. Бар хилофи нақшаи мусофирон, корманди фурудгоҳ садо баланд кард: “Мусофирони муҳтарам дар Фурудгоҳи Алмаато то ҳол ҳаво номуносиб барои фуруд омадан аст ба ҳамин хотир бояд чанд дақиқаи дигар тоқат кунед”. Аммо ин чанд дақиқа ба соат мубаддал гашт… !
Муаррифии суруди тоҷикӣ
Пас аз интизории 17 — соата билохир тайёраи “Эйр Остона” ба ҳаракат даромад. Пас аз 1 соату 30 дақиқа мо дар Фурудгоҳи Алмаато фуруд омадем, ин шаҳр нисбат ба Душанбе бисёр сарду ғуборолуд буд. Вақте ки аз фурудгоҳ баромадем, марди миёнасоле бо навиштаҷоти “IREX” моро пешвоз гирифт. Маълум шуд, ки маҳз ин мард моро бо мошин ба Бишкеки Қирғизистон мебарад.
Акнун мошин ба роҳ баромад, зери тумани ғафси роҳ танҳо се чор метрро дидан имкон буду халос. Ба ҳамин хотир ронанда мошинро бисёр оҳиста меронд, садои пасти мусиқи эҳтимол бо забони қирғизӣ буд садо медод. Маълум, ки ин мусиқӣ ба ҳайати мо маъқул нашуд, ба ҳамин хотир аз ронанда хоҳиш кардем, ки аз телефонамон мусиқии тоҷики монем. Ронанда ҳам дили нохоҳам розӣ шуд ва як ҳамроҳамон мусиқии тоҷики монд.
Маълум буд, ки дар аввал сурудҳои тоҷикӣ каме димоғи ронандаи қирғизро сӯзонд, аммо баъд мушоҳида кардам, ки баъзе мусиқиҳоро бодиққат гӯш мекард ва баъзан бо изҳори қаноатмандӣ сар меҷунбонид.
Роҳи пур аз хатар
Зери навои мусиқӣ ҳама ҳамроҳонам ба хоб рафтанд, танҳо маро ҳеҷ хоб намебурд, оҳиста оҳиста туманҳам бартараф мешуд, акнун даштҳои беканори Қазоқистонро дидан мумкин буд. Маълум буд, ки ин заминҳо замини кишти ин кишвари паҳновар маҳсуб мешаванд. Худ ба худ меандешиданд, ки кош Тоҷикистон ҳам соҳиби чунин замини паҳновару киштбоб медошт.
Яку якбора суст шудани ҳаракати мошин маро ба худ овард ва оинаи ҳавлгирифтаи мошинро тоза карда, ба берун нигаристам дидам, ки мошини боркаш бо мошини сабукрав ба садама дучор шудааст. Ростӣ тақдири мусофирони мошини сабукрав сахт нигаронам кард, зеро мошин билкулл хароб шуда буд.
Акнун ин ҳодиса дар дилам тарсро ҷой кард, зеро мошини мо ҳам аз болои роҳи яхзадаи биёбон ҳаракат мекард. Ба гуфтаи ронандаи мо, роҳи байни Алмаато ва Бишкек 250 км — ро ташкил мекунад ва ман дар ин масофа зиёда аз даҳ ҳолати садамаро мушоҳида кардам.
Оши қирғизӣ
Хушбахтона мо бе ҳеҷ хавфу хатар ба Бишкек расидем, намояндаи Сафорати ИМА дар ин кишвар моро ба хушӣ пешвоз гирифта, барои хӯроки нисфирӯзӣ моро ба як тарабхонае, ки номаш “Орзу” буд бурд. Хӯроки якум кадом як навъи хӯроки миллии қирғизӣ буд, ки тақрибан 90 %-ро об ташкил медод.
Акнун хӯроки дувумро оварданд ва пешхизмат “пожалуйста полов”-гуфта наздамон гузошт. Ростӣ намуду маззаи ош мисли ҳамоне буд, ки духтарак дар хонаи шавҳар аввалин бор ин хӯрокро тайёр мекунад. Бо ин гуфтаниам, ки ман дар он ҷо оши қирғизиро бо оши тоҷикӣ муқоиса кардам, хулоса, оши тоҷикӣ беҳамтост!
Душанбе зеботар аз Бишкек
Баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ, ки соат ба вақти Қирғизистон 13:40-ро нишон медод, роҳбалад моро ба биное, ки дар он тренинг баргузор мегашт, раҳнамоӣ намуд. Вақте ки вориди толор гаштем, ҳама машғули омӯзиш буданд ва марди мӯйдарози айнакдор чизеро ба иштирокчиён шарҳ медод аз қиёфаи мард пай бурдан лозим буд, ки зодаи Қирғизистон аст.
Доромадан замон роҳбалад ҷониби мо ишора карда гуфт, ки иштирокчиён аз Тоҷикистон, ногоҳ ҳама аз ҷой бархоста кафкӯбӣ карданд. Шояд онҳо барои он кафкӯби мекарданд, ки мо дар он ҳавои номуносиб соқу саломат ба Бишкек расидем. Баъд аз муаррифи кардани худ, мо низ дар қатори дигар иштирокчиён нишаста, он марди айнакдорро гӯш кардем…
Баъд аз хотимаи ҷаласаи рӯзи дувуми сафар бо ҳамроҳонамон ба сайри Бишкек баромадем. Ман дар ин гаштугузор зебоии Бишкекро ба Душанбе муқоиса мекардам. Натиҷаи муқоиса ҳамин, ки маркази пойтахти Қирғизистон ба маркази ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон бисёр монанд.
Ҳайати рӯзноманигорони қирғиз аз озодии фарқкунандаи ВАО-и худ ва озодии мардумашон дар Осиёи марказӣ таърифу тавсиф мекарданд. Ҳатто онҳо ба дараҷае озоданд, ки ҳеҷ ронандааш мошинашро намешӯяд, чунки дар ин сафари чоррӯза ҳеҷ мошини тозаро дар шаҳр надидам.
Роҳрӯбони ин шаҳр ҳам чунон озод, ки ҳеҷ ҷои марказро хуб тоза намекунанд. Аз ин хулоса баровардан лозим, ки озодии зиёд ҳам ба имиҷи пойтахт зарар доштааст.
Яҳё Маҳмаднабиев,
Душанбе-Алмаато-Бишкек
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ