Душанбегиҳо қирғизро асир гирифтаанд

Сокинони шаҳри Душанбе — падару писар — бо иттиҳоми гаравгон гирифтани шаҳрванди Қирғизистон Акжол Калбаев дастгир шудаанд. Онҳо Калбаевро дар асорат шадидан латукӯб карда, барои озодиаш аз хешовандони ӯ 23 000 доллар талаб кардаанд.

Бино ба итилои расонаҳо ба гаравгонгирии шаҳрванди Қирғизистон Акжол Калбаев ду сокини Душанбе — Набиҷон Набиев ва писари ӯ Ҳаким Набиевро дастгир кардаанд.

Алайҳи онҳо бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда падару писар ба ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ, яъне гаравгонгирӣ, шиканҷа ва бо роҳи тамаъ талаб кардани пул айбдор мешаванд. Барои чунин ҷиноят қонунгузории Тоҷикистон ҷазоҳои сангин то ҳукми ҳабси умрбодро муқаррар кардааст.

 Акжол Калбаев, ки рӯзи 29 декабр аз асорат озод карда шуд, дар ҳоли ҳозир дар як бемористони зодгоҳаш – шаҳри Ӯши Қирғизистон таҳти табобат қарор дорад .

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *