Дустум ғайб зад ва ё ба коми кароновирус афтод?
Толибон иброз медоранд, ки қариб нисфи Афғонистонро зери тасарруфи зуд қарор доранд. Ҳарбиҳо аз ин сарзамин ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон гурехтаанд. Замоне яке аз нафарони шуҳратёри мардуми Афғонистон, маршал Абдул Рашид Дустум қариб аз нисф зиёди шимоли Афғонистонро зери назорат дошт. Имруҳо он хомӯш асту ноаён. Пас ӯ куфо ғайб зад?
Сарчашмае дар Маймана, дар маркази вилояти Форёб, яке аз базаҳои маршал Дустум , хабар дод, ки маршал Афғонистонро ба воситаи чархбол тарк кард . Аз назари дигар бо сабаби бемории деабети қанд маршал сахт бемор буда, коронавирусро мегузаронад ва барои ин табобати касбӣ лозим аст. Ва аз ҷониби дигар вай дар муқовимат бо Толибон сахт маҷрӯҳ шудааст.
Хешовандони маршал Дустум тасдиқ менамоянд, ки ӯ дар ҳақиқат ба воситаи чархболи Вазорати дифои Афғонистон ба Ташкент омад ва аз он ҷо ба Туркия рафт.
Дар ин равия вазири ҳифзи корҳои иҷтимоии Афғонистон ва дӯсти наздики Дустум Башир Аҳмад Таёниҷ иброз менамояд, ки маршал барои ширкат дар форуми дипломатӣ ба Анталия рафтааст.
Аммо ҳолдонҳо ва сарчашмаҳои муътамад мегӯянд, ки дар он форум на Дустум ва на ному пайи ӯ дида мешуд.
Пас дар асл ин маршали ҷангҷӯ куҷост?
Дар ҳамин равия ҳамчунин қайд мешавад, ки тар тӯли моҳи охир вай бо тамоми қувва бо толибон махсусан дар вилоятҳои Фороб, Сари Пул, Ҷаузҷан, ки нуқтаҳои басо доғанд , меҷангид.
Баътар ахборе пайдо шуд, дар бораи он ки Абдул Рашид Дустум, ки дар кишвари Туркия дар табобат қарор дораду ба қарибӣ баъди табобат ба ватани худ бармегардад.
Аммо бо кӣ медонад?!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ