Дуюмин роҳбари ДОИШ маҳв гардид

Яке аз фармондеҳони саҳроии гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» Абу Муҳаммад Ал-Aднанӣ дар шимоли Сурия кушта шуд. Дар ин бора агентии ТАСС бо истинод ба шабакаи моҳворавии «Al Jazeera» хабар дод.
Бино ба маълумоти расида, ӯ дар музофоти Ҳалаб маҳв гардидаааст, вале дар кадом ҳолат гуфта нашудааст. Кай маҳв гардидани ӯ низ муайян нест.
Aл-Аднанӣ дар ВАО ҳамчун «намояндаи расмӣ»-и ДОИШ тавсиф мешуд. Ӯ дуюмин шахс дар ин гурӯҳи террористӣ пас аз Абубакр ал-Бағдодӣ маҳсуб мешуд.
Номи аслии ӯ Таҳа Субҳӣ Фаллоҳ мебошад. Аз рӯи фарзияҳои интишоршуда, ӯ охирҳои солҳои 70-ум дар шаҳри Идлиб таваллуд шудааст.
Бино ба иттилои бархе аз ВАО, кушта шудани Ал Аднанӣ баъди дар моҳи март маълум гардидани марги роҳбари дигари ин гурӯҳ- Абу Умар Аш- Шишанӣ аввалин ғалабаи муҳим гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *