Дузд 2620-сомонии занро ба яғмо бурд
Ба мақомоти милитсия зани 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи якшанбеи гузашта, тахминан соати 15:00-дақиқа, шахси номаълум дар назди маркази савдои “Садбарг” воқеъ дар шаҳри Душанбе, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ ҷузвдонашро, ки дар дохили он 2620 сомонӣ ҷой дошт, гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони ғоратгарӣ марди 21-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Ҳамчунин, ба мақомоти милитсия зани 44-солаи сокини шаҳри Ваҳдат оиди ҳодисаи ғоратгарӣ муроҷиат намуд, ки рӯзи 02.12.с.2016, тахминан соати 09:30-дақиқа, шахси номаълум вориди хонаи истиқоматиаш шуда, бо роҳи зӯроварӣ аз ӯ ҷавоҳироти тиллоӣ ва 150000-рубли русиро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро худи муроҷиаткунанда сохтакорӣ намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ