Дузд ба дор овехта шуд
Дар бозори ноҳияи Берунӣ дар ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистони Ӯзбекистон дӯкондорон ҷавонеро, ки бо гумони дуздӣ дастгир шуда буд, дар дарвозаи бозор овехтанд, то барои дуздони дигар дарси ибрат шавад.
Мақомот дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми ҷазои худсарона парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Сомонаи Kun.uz рӯзи 2 август видеоро нашр кард, ки дар он як ҷавон дар дарвозаи бозор аз дастонаш овехта шудааст ва мардуми раҳгузар ӯро тамошо мекунанд. Ин нашрия хабар дод, ки ин ҷавонро дар бозори «Шоҳбоз”-и ноҳияи Берунии ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон бо иттиҳоми дуздӣ дастгир кардаанд ва дӯкондорони ин бозор бо чунин шева ӯро барои дуздӣ ҷазо додаанд.
Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон ба дунбол тасдиқ кард, ки чунин ҳодиса рӯзи 1 август рух додааст. Бино ба гузориши вазорати дохила, шаҳрванд У.А. ҷавоне бо номи Д.Н.-ро ба дуздӣ айбдор карда, ӯро худсарона аз дастонаш дар дарвозаи бозор овехтааст.
Ба зидди У.А. бар асоси моддаи 229-уми Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон (ҷазои худсарона) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Иттиҳоми дар дуздӣ даст доштани Д.Н. низ аз ҷониби мақомот тафтиш мешавад, — гуфт маркази матбуоти ВКД Ӯзбекистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ