Дуздӣ дар «Дӯстӣ»
Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 30-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 7-уми августи соли 2017, ҳангоми дар кӯчаи А.Ҷомӣ, дар назди бозорчаи “Дӯстӣ”-и пойтахт қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ аз кисааш 149-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ