Дуздӣ дар таксӣ
Чуноне аз хабарҳои ВКД бармеояд, ба мақомоти корҳои дохилӣ ҷавондухтари 20-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 23-юми июли соли 2017, тахминан соати 17:00-дақиқа, шахси номаълум бо ҳамроҳии ӯ дар майдончаи “Сарҳадчиён”-и ш.Душанбе вориди таксӣ шуда, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Карамова маҷбурӣ бо таҳдиди корд аз дохили ҳамиёнаш 100-сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ