Дуздхонуми 22-сола дастгир шуд

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода ҷавони 18-солаи сокини шаҳри мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки шаби 18 ба 19-уми декабри соли 2016 шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди мағозааш, воқеъ дар дохили бозори марказӣ шуда, аз он ҷо либосҳои мардона, ки арзиши умумиашон 3 ҳазору 381-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 22-солаи сокини н.Шаҳринав ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *