Дузди хонагӣ бадтар аз дузди беруна

Шоми 20-уми январи соли 2019 ба қисми навбатдории Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оид ба сар задани ҷинояти вазнини роҳзанӣ дар кӯчаи Рӯҳафзои ноҳияи Фирдавсӣ хабари фаврӣ ворид гардид.
Баҳри ошкору муайян намудани ҷинояти мазкур аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи милитсияи пойтахт гурӯҳи фаврӣ — тафтишотӣ созмон дода шуда, дарҳол ба ҷои ҳодиса равон гардиданд.

Баъди ба ҷои ҳодиса ҳозир гардидани гурӯҳи фаврӣ -тафтишотӣ ва пурсиши ҷабрдидагон муайян гардид, ки ду нафар шхсони ниқобпӯш ба манзили истиқоматии шаҳрванд Ахмедов Абдулҳамид, соли таваллудаш 1983, ронандаи ширкати «Рахш таксӣ», ғайриқонунӣ ворид гардида, ҳамсар ва 3 нафар фарзанди ноболиғашро бо корд таҳдид ва бо скотч дасту даҳонашонро баста, маблағҳои пуливу як миқдор ҷавоҳироти тиллоии номбурдаро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ муйян гардид, ки ҷинояти мазкурро на шахсони бегона, балки домоди хонадон нафаре, ки бевосита бо ин оила муносибати хешутаборӣ ва рафтуомад дорад, шаҳрванд Ғафуров Тоҷиддин, соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Зарафшон бевосита тарҳрезӣ ва бо ҳаммаслакони худ содир намудааст.

Номбурда бо сабаби хусумати шахсӣ нисбати додарарӯсаш як сол пеш нақшаи содирнамоии ин ҷинояти вазнини муқобили саломатӣ ва моликият равонагардидаро тарҳрезӣ намуда, ахиран санаи 20-уми январ бо ҳамроҳии шаҳрвандон Яъқубов Далер ва Ҳанифов Шуҳратҷон, соли таваллудашон 1990, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, ба амалинамоии нақшаи пешакӣ кашидашуда шурӯъ намуданд.
Бино ба иттилои тафтишоти пешакӣ гумонбаршавандаҳо тибқи нақшаи қаблан тарҳрезӣ намуда, шабона ба манзили истиқоматии ҷабрдида ворид гардида, зан ва се фарзанди ноболиғони ӯро таҳдид ба куштан намуда, 21 300 доллари ИМА, 75 000 рубли ФР, 79 000 сомонӣ ва як миқдор ҷавоҳироти тиллоиро ба маблағи умумии 299 600 сомонӣ ба яғмо бурдаанд.

Баъд аз дастгир гардидан аз номбурдагон як миқдор маблағҳо ва ҷавоҳироти тилоии рабудашуда, инчунин ба ҳайси далели шайъӣ дастпӯшу скотч ва дигар ашёҳои дар содир гардидани ҷиноят истифодашуда, дарёфту мусодира карда шуданд.
Айни замон номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Роҳзанӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *