Дуздии 240 ҳазору 980 сомонӣ аз терминалҳои Душабе
Раёсати Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти марде хабар дод, ки аз терминалҳои пардохтии ширкати «Пайванд гуруҳ» зиёда аз 240 ҳазор сомониро дуздидааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини пойтахт дастгир карда шуд, ки номбурда моҳи январи соли 2021 бо роҳи пинҳонӣ аз терминалҳои пардохтии ширкати «Пайванд гуруҳ», воқеъ дар кӯчаҳои С. Осиё, С. Носир, М. Турсунзода, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Меҳнат ва дохили бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо истифода аз калид онҳоро кушода, аз дохилашон маблағҳои пулиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, ки зарари расонидашуда 240 ҳазору 980 сомониро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ