Дуздии ду ноболиғдухтар ошкор шуд
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғдухтари 15-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Духтарон дар асоси аризаи шикоятии як зан аз худи ҳамин шаҳр гумонбар дониста шудаанд.Зан дар аризаи худ, ба ШВКД зарари расонидашударо 18 ҳазор арзёби намудааст.
Инчунин тибқи иттилои дигари ВКД ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе 22-юми октябри соли 2023, тахминан соати 20:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Маяковский қарор доштанаш, бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ бо ноболиғи 15-солаи сокини пойтахт муноқиша намуда, бо корд 1-маротиба ба пушташ задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ