Дуздии пулу ҷавоҳироти тилло дар Данғара

Кормандони милитсия дар ноҳияи Данғара ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ ду нафар ҷавони ҳамин ноҳияро дастгир намуданд.

Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза зани 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи мазкур муроҷиат намуда буд. Гуфта мешавад, ки 1-уми июни соли 2020, тахминан соати 19:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 10 ҳазор рубли русӣ, 3 ҳазору 500 сомонӣ, 100 доллари амрикоӣ ва ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буданд. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20 ва ноболиғи 17-солаи сокинони ҳамин ноҳия, ки ҳардуи онҳо пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шудаанд.
Айни замон аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *