Президент: Ҳодисаҳои Хоруғ бояд воқеъбинона тафтиш шаванд

Бо мақсади тафтиши ҳамаҷониба, шаффоф ва воқеъбинонаи ҳодисаи рухдода, ҳамзамон ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки даст ба ҷиноят заданд, бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шудааст, хабар медиҳад ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа»- и ВКД.
Ба иттилои манбаъ, ин гуруҳи вижаро прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон раҳбарӣ карда, он аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳайати 20 нафар ва 6 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис дода шудааст.

«Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати шахсоне, ки даст ба бетартибиҳо зада, амалу рафтори ғайриқонунӣ ва ҷиноят содир карданд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад», — афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад пас аз ҳаводист вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси КДАМ Саймумин Ятимов вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД ва Вазорати мудофиа, ҷавонони фаъол баргузор кардаанд.
Ҳамзамон гуруҳи корӣ бо роҳбарии муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва муовини раиси КДАМ генерал-майор Н. Мирзоев дар ноҳияҳои Ишкошим ва Рӯшон бо аҳолӣ вохӯрда, аз ҳодисаҳои рухдода дар шаҳри Хоруғ гуфтаанд.
Қайд карда мешавад, ки вазъият дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ зери назорат қарор дошта, тартиботи ҳуҳуқӣ ва амнияти сокинон таъмин мебошад.
Тибқи иттилои расмӣ дар ҳодисаи мазкур 12 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дучори ҳамлаи мусаллаҳона гардида, бо истифода аз корд ва дигар лавозимоти халандаву буранда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Зиёбеков барои содир кардани ҷинояти гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адоват дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон додааст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захмӣ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *