Дуздон ба даст афтоданд
Дуздӣ кирдори ҷиноятиест, ки баҳри ба даст овардани маблағи муфт, нафарони ҷиноятпеша аз ҳар роҳу воситаҳои пинҳонӣ истифода карда, дар баробари расонидани зарар ба дигарон мехоҳанд ҷайби худро пур сохта, зиндагонии осоишта дошта бошанд.
Махсусан, вақтҳои охир аз беназорат будани автомашинаҳо дар назди баландошёнаҳо истифода карда, нафарони ҷиноятпеша дар вақти шабона бо шикастани оина аз дохили он маблағҳои пулию телефони мобилӣ, аккумулятору дигар қисмҳои эҳтиётӣ ва ҳар ашёҳои дигари арзишмандро аз они худ мекарданд. Бо чунин тарз содир гардидани ҷиноят, яъне шикастани тирезаву гум шудани маблағҳои пулӣ аз дохили воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди пойтахт шаҳрвандонро ба ташвиш гузошта, ба кормандони милитсия муроҷиат менамуданд.
Ахиран бо бурдани коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян ва ошкор карда шуд, ки як гурӯҳ ҷавонон бо мақсади чандлаҳзаина дилхӯшӣ дар марказҳои фароғатӣ даст ба чунин кирдорҳои ғайриқонунӣ задаанд.Аз ҷумла, дар гурӯҳи аввал кормандони милитсияи пойтахт дар ҳудуди ноҳияи Сино як нафар пешсудшуда шаҳрванд Полвонов Диловар Зафарович соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти М.Ризоро санаи 8 январи соли 2019 дар вақти шабона ҳангоми содир намудани ҷинояти навбатӣ дастгир намуданд.Сипас зимни гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар рӯй ниқоб пӯшида, бо отвёрткаву болға мусаллаҳ гашта, дар ҳудуди кӯчаи Испечаки ноҳияи Сино силсилаҷиноятҳои дуздиро содир намудааст. Аз руи маводҳои тафтишотӣ дастгиршуда асосан воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии тамғаи «Мерседес-Спринтер»-ро мавриди дуздӣ қарор додаст. Чунончи зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ӯ бо чунин тарз, яъне шикастани оинаи автомашинаҳо аз дохили зиёда аз 15 воситаи нақлиёт маблағҳои пуливу телефони мобилӣ рабудааст.Ҳамчунин ба ин монанд, кормандони милитсия боз дар ҳудуди ноҳияи Сино гурӯҳи дуюми ҷиноятиро дар ҳайати ду нафар, шаҳрвандон Наврӯзи Шералӣ соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Валиев Фирӯз соли таваллудаш 1997 истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъро ҳамчун гумонбар дар содир намудани як қатор ҷинояти дуздӣ санаи 3 январи соли 2019 дастгир намуданд. Номбурдагон асосан дар ҳудуди маҳаллаи Гипрозем, кӯчаҳои А. Ҷомӣ ва кӯчаи Ҷ. Расулов, дар вақти шабона бо маслиҳати пешакӣ бо тариқи шикастани тирезаҳои воситаҳои нақлиёт маблағҳои пуливу дигар ашёҳои арзишмандро рабудаанд. Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ ошкор гардид, ки номбурдагон дар содир намудани 21 ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи онҳо зиёда аз 20-ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Ҳамзамон аз ҷониби кормандони милитсия гурӯҳи сеюми ҷиноятӣ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ, боз дар ҳайати ду нафар ҷинояткорон, шаҳрвандон Шарипов Толиб Ҷумаевич соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ ва Алиев Бахтиёр Неъматович соли таваллудаш 1998 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Деҳотӣ санаи 8 январи соли ҷорӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд. Зимни пурсиши гумонбаршудагон маълум шуд, ки онҳо танҳо дар як шаб оинаҳои 6-воситаи нақлиётро шикаста маблағҳои пуливу дигар ашёҳои арзишмандро тасарруф намудаанд.Тибқи таҳлилҳо танҳо давоми 8 рӯзи аввали соли 2019 аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт 42 ҳолати шикастани оинаи автомашинаҳо ва рабудани ашёву маблағҳои пулӣ аз ҷониби нафарони ҷиноятпеша ошкор карда шуда, корҳои тафтишотиву чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ин самт идома доранд.Гарчанде дар аксар маврид гумонбаршудагон аз дохили автомашинаҳои шаҳрвандон маблағҳои ками пулӣ гирифта бошанд, ҳам вале бо шикастани оинаҳои воситаи нақлиёт ба шаҳрвандон зарарҳои молиявӣ расонидаанд.
Чуноне аз таҳлилҳо ва иқрори гумонбаршудагон бармеоянд, мақсад аз содир шудани ҷиноятҳои дуздӣ, ба даст овардани маблағи пулии муфт ва истироҳати чандлаҳзаина дар марказҳои фароғатӣ буда, маҳз сатҳи ниҳоят пасти маърифату саводнокӣ онҳоро ба ин роҳи хато бурдааст.Бо зикри далелҳои мазкур ва таҳлилу баррасии ҳолату шароитҳои ба содиршавии ин ҷиноятҳо мусоидадкунанда, бори дигар аз падару модар ва нафарони дар таълиму тарбияи наврасон масъулбуда, тақозо карда мешавад, ки нагузоранд фарзандони онҳо ба шабгардиву беҳудагардӣ машғул шуда, умри пурқиммати худро сарфи корҳои беҳуда намоянд. Дар аксар маврид маҳз беҳудагардии шабона ин ҷавононро ба роҳи хато бурда, оқибат ҷинояткор намудааст.
Айни замон ҳамаи ин гумонбаршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 244 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Сироҷиддин Шукуров,
лейтенанти калони милитсия
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ