Дуздон мошину кӯдаки тоҷикро дуздиданду боз баргардонда оварданд

Рӯзи 24 ноябр дуздон аз назди як мағоза дар вилояти Ленингради Русия мошини ҷипи гаронбаҳои тамғаи «Cadillac Escalade”-ро, ки як зани зодаи Тоҷикистон дар кӯча монда буд, дуздиданд. Вале дуздон дар даруни мошин кӯдаки чормоҳаи он занро дида, мошини дуздидаашонро баъди ним соат баргардондаанд.

Пулиси вилояти Ленингради Русия гуфт, рӯзи 24 ноябр, соати 11:15 ба шӯъбаи пулиси Кузмоловский як зани 34-солаи зодаи Тоҷикистон занг зада, хабар додааст, ки мошини ӯро ҳамро бо кӯдаки чормоҳааш дуздидаанд.

Ин зан, ки дар деҳаи Энколовои ноҳияи Приволжскийи вилояти Ленинград зиндагӣ мекунад, соати тақрибан 11 мошини ҷипи гаронбаҳои тамғаи «Cadillac Escalade”-ашро дар назди мағозаи «Молоко”, воқеъ дар кӯчаи Ленинградскаяи деҳаи Порошкино манъ карда, барои ширхарӣ ба мағоза медарояд. Писари чормоҳаи ин зан дар курсии қафои мошин дар курсии кӯдакона баста шуда буд.

Зан баъди 15 дақиқа аз мағоза берун омада, мебинад, ки мошинаш нест.

Ба гуфтаи шоҳидон, баъди онки зан вориди мағозаи «Молоко” шуд, як мошини рангаш норанҷии тамғаи «Porsche Cayenne” дар назди ҷипи «Cadillac Escalade” манъ кард ва як мард аз мошини норанҷӣ ба ин ҷип нишаста, онро ба ҳаракат дароварда, бурд. «Porsche Cayenne” низ бо шаст аз онҷо ғайб зад ва касе натавонистааст, ки ҳатто рақамашро дар ёд бигирад.

Зани тоҷики баргаштабахт дар таваққуфгоҳи назди мағоза мӯи сар меканду барои фарзанди гумшудааш нолаву фарёд мекард, ки баногоҳ соати тахминан 11:30 мошинаш дар назди таваққуфгоҳ пайдо шуд. Аз дохили он марде фаромада, зуд ба як мошини ҷипи «Land Rover Discovery” савор шуд ва ғайб зад.

Зани бечора ҳавлона дари мошинашро кушод, ки кӯдакаш зиндаву саломат дар курсии қафо нишастааст.

Пулис мегӯяд, зоҳиран мошинрабоён баъди дуздидани ҷипи гаронбаҳо дидаанд, ки соҳиби мошин дар дарунаш кӯдаки чормоҳаи худро «фаромӯш” кардааст. Азбаски дуздидани кӯдак дар нақшаи ин шабакаи ҷиноятӣ набуд, онҳо мошинро ба соҳибаш баргардондаанд.

Пулис мегӯяд, инҷо ду фарзия буда метавонад: Яке инки баъди дидани кӯдак раги инсофи дуздон ҷунбидааст. Фарзияи дигари қавитар ин аст, ки ҷазо барои рабудани инсон назар ба рабудани мошин ба маротиб сангинтар аст ва мошиндуздонро ба эҳтимоли ғолиб ҳамин тарсондааст.

Дар ҳоли ҳозир ба зидди худи ронандаи мошини дуздидашуда бар асоси моддаи 125-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми зери хатар гузоштани ҳаёти кӯдак парвандаи ҷиноятӣ кушода, ин зани зодаи Тоҷикистонро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист ҷавоб додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *