Дуздони дорухонаҳо ба даст афтоданд
Шоми 20-ум ба 21 январи соли 2019 яку якбора чор дорухона воқеъ дар бозори марказии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҳадафи ҳаракатҳои ҷиноятӣ қарор гирифт.
Шахсони номаълум бо роҳи шикастани қулфи дари даромад ғайриқонунӣ вориди дорухона гардида танҳо нақдинаҳои пулиро тасарруф кардаанд.Кормандони ШВКД дар ноҳияи Спитамен дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти дуздро муайян ва ба чирадастии дузд нуқта гузоштанд. Дар гумонбарӣ ба дуздии бисёрлаҳзаина шаҳрванд Нарзиев Дустмурод Хурсандбекович, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, ки қаблан соли 2017 барои дуздӣ ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум гардидаву 3-юми январи соли равон ба озодӣ баромадаст, омухтагӣ ба ҷиноятро такрор ва дар ҳолати ретсидив дуздӣ ва сӯиқасд ба онро содир намудааст.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки маротибаи аввал низ Дустмурод Нарзиев дар ҳамин ноҳия дуздӣ содир карда буд.
Ҳар чор дорухона дар як мавзеъ дохили бозори марказии ноҳияи Спитамен ҷойгиранд. Аз ду дорухона гумонбаршуда Нарзиев Д. дасти холӣ набаромада аз яке 4 ҳазору 600 сомонӣ ва аз дуюми 200 сомонии соҳибмулконро тасарруф кардааст. Дар ду ҳолати дигар тафтишот сӯиқасди дуздиро ба ӯ нисбат медиҳад. Аз сабаби дарёфт накардани маблағи пулӣ ва ашёҳои арзишнок номбурда ҷинояти худро ба охир нарасонида бо шикастан ва корношоям кардани қулфи дар ба ҷабрдидаҳо зарари моддӣ мерасонад.Масъулини Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Спитамен панҷарапӯш набудани дорухонаҳоро, ки аз метали пластикӣ сохта шудаанд, ҳамчун ҳолати мусоидаткунанда барои амалӣ гаштани нақшаи ҷиноятӣ медонанд. Баъди адои ҷазо ва ду ҳафта дар озодӣ қарор доштан Дустмурод Нарзиев ҳамин шароитро ба манфиати худ истифода кардааст.
Милитсияи ноҳияи Спитамен бо бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷойи буду боши гумонбаршуда Дустмурод Нарзиевро муайян ва ӯро дар зодгоҳаш ноҳияи Ҷайҳун дастгир ва дар асоси парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс тадбиқ шудааст.
Акбар Шарифов, капитани милитсия
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ