Дюпон-Энян: Фаронса бояд минтақаи Шенгенро тарк кунад…

Фаронса бояд минтақаи Шенгенро тарк кунад, то нооромиҳои нав дар ин кишварро пешгирӣ намояд.

Бино ба иттилои Kp.ru, чунин изҳоротро вакили парлумони Фаронса, раҳбари ҷунбиши сиёсии «Бархез, Фаронса» Николя Дюпон-Энян дар шабакаи телевизионии CNews.ru баён доштааст.

“Мо бояд инро қатъ кунем. Ман ягона шахсе мебошам, ки муқаррар кардани сарҳадҳои миллӣ ва баромадан аз минтақаи Шенгенро талаб мекунам”,- гуфтааст вакил дар мавриди муҳоҷирати беназорат дар Фаронса.

Вай ҳамчунин таъкид кардааст, ки мушкили муҳоҷирон сабаби аслии нооромиҳо дар Фаронса аст.

Қаблан гуфта мешуд, ки ошӯб дар Фаронса метавонад Олимпиадаи соли 2024-ро халалдор созад. Се нафар аллакай то чаҳор моҳ ҳукми зиндон гирифтаанд ва 30 эътирозгари дигар дар ояндаи наздик ба додгоҳ кашида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *