Эҳеей Фалак! Давлатманди Хол 70-сола шуд! (видео)
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, яке аз сарояндагони мумтози Фалак Давлатманди Хол (Давлатманд Холов) имрӯз 70 сола шуд. Номбурда, яке аз он ҳунармандони асилест, ки барои эҳё ва рушди мусиқии суннатии Фалак саҳми намоён гузошта, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро сазовор шудааст.
Давлатманди Хол 26 октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод дар оилаи ҳунарманди суннатии тоҷик ба дунё омадааст. Соли 1958 таҳсилро аз мактаби деҳа оғоз намуда, соли 1963 дар мактаб-интернати ба номи А. Деҳотии шаҳри Кӯлоб ва соли 1964 дар интернати давлатии «Коммунизм»-и деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) идома медиҳад. Соли 1971 ба шӯъбаи мусиқӣ ва суруди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм менамояд. Сипас ба Театри давлатии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба кор меояд. 20 июли соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб, таҳти сарварии ҳунарманди варзида Давлатманди Хол ансамбли давлатии «Фалак» таъсис ёфт. Аз соли 2004 бо таъсис ёфтани ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеии он кор кардааст. Ҳоло ба ҳайси омӯзгори Консерватрияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолияти хешро бурда истодааст.
Давлатманди Хол яке аз тарғибгарони бузурги санъати касбии кӯҳистони тоҷик маҳсуб мешавад. Устоди Фалак, дар фаъолияти эҷодӣ услуби хосаи худро ташаккул ва рушд додааст. Дар равияҳои санъати Фалак суннатҳои мактаби ҳунарии аҷдодии хешро идома медиҳад. ансамбли «Фалак» таъсис дода шуд, ки дар рушду нумуи ин мусиқии нодири мардуми тоҷик аҳмияти хело муҳим дошт ва нақши бориз гузошт. Дар симои ӯ кишварони хориҷ низ ҳунарманди асили мардуми тоҷикро мешиносанд. Зеро ки санъати оҳангсозӣ ва сарояндагии ӯро эътироф кардаанд.
Аз ин рӯ, тез-тез даъват мекунанд, то дар ҷашнвораҳову маҳфилҳои онҳо иштирок намояд. Дар тӯли фаъолияти эҷодии хеш қариб ба 100 мамолики ҷаҳон беш аз 150 сафари ҳунарӣ намуда, сарбаландона санъати бузурги миллиро то ҳол муаррифӣ мекунад. Саҳми Д. Холов дар рушду нумӯи санъати мусиқии миллӣ бузург аст. Дар давраи шӯравӣ дар шароити хонаводагӣ, сипас шаҳриву вилоятӣ ва имрӯз – дар сатҳи ҷумҳуриявӣ тавонистааст санъати фалакро дар шакли ғазалхониву рубоихонӣ ҳифз намояд ва саҳми худро дар рушди он гузорад. Маълум аст, ки санъати Фалакхонӣ ҳам сарояндагӣ ҳасту ҳам оҳангсозӣ. Давлатманди Хол аз ибтидо ин ду ҷабҳаро пайгирӣ намуда, дар асоси қавоиди фалакхонӣ асарҳои хеле пурмазмун офаридааст.
Ин асарҳои ҳунарманд на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он, хусусан дар мамолики ҳамфарҳангу ҳамзабони мо Эрону Афғонистон хеле баланд пазируфта шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ