Эҳтимоли бозгашти Неймар ба “Барселона” зиёд шуд
Чандест, ки расонаҳои хориҷӣ дар мавриди бозгашти ҳамлавари бразилӣ Неймар мегӯянд.
Асосан, гуфта мешуд, ки ҳам футболбоз ва ҳам бошгоҳи “Барселона” дар ин масъала як фикр доранд, аммо шароити иқтисодии даста намегузорад. Вале чанд рӯзи охир хабаре расид, ки эҳтимоли гузаришро зиёдтар мекунад.
Тибқи иттилои журналисти варзишӣ Фабритсо Романо Неймар ва бошгоҳи ҳозирааш “ПСЖ” ба қароре омадаанд, ки шартномаашонро қатъ кунанд. Агар ин кор шавад, Неймар ҳамчун футболбози озод бидуни ҳеҷ пардохте ба “Барселона” гузариш мекунад.
Аз ҷониби дигар, метавон ба ин хабар шубҳа кард, зеро роҳбарияти дастаи “ПСЖ” наметавонанд бидуни сабабе аз фурӯши футболбозе чун Неймар даст кашанду ӯро бепул раҳо кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ