Эҳтимолият ва даъват. Британия бо Русия меҷангад?
Афсари баландпояи артиши Британия Пол Карни аз низомиён даъват кард, ки ба ҷанги эҳтимолӣ бо Русия омодагӣ гиранду наздиконашонро низ омода созанд.
Сарбозони бритониёӣ бояд хонаводаҳои худро огоҳ кунанд, ки метавонанд ба ҷанг бо Русия фиристода шаванд.
Ин пешниҳодро афсар Пол Карни аз тариқи маҷаллаи расмии артиши Британия — «Soldier» баён дошт.
Ӯ афзуд, ки неруҳои Британия дар ҳоли ҳозир барои муқобила бо таҳдиди Русия омодагӣ мебинанд ва омодаанд ба ҳар гуна таҷовуз муқобилат кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ