саг

Эҳтиёт! Сагҳои дайду ба шикор баромаданд

Барои даҳмардаҳо, аҳолии деҳоти дурдаст, қишлоқҷойҳо, барои ҳифзи чорвою боигарии хонадон посбони беминнат — саг зарур аст.

 Барои бо одам унс гирифтан, дӯст доштан, вазифаашро нағз иҷро кардан, аз хурдӣ сагро тарбия карда, аз зери назорат дур намекунанд. Ба ӯ ғамхорӣ карда, дар вақташ хӯрок медиҳанд ва меомӯзонанд. Вале имрӯз дар шаҳрҳо сагҳои дайду сокинонро ба ташвиш овардаанд.

Имрӯз дар бисёр минтақаҳои кишвар, ҷойҳои серодам, марказҳои баъзе ноҳияҳо ба гуруҳи сагони бесоҳиб вомехӯрем, ки бинандаро ба тарсу ҳарос оварда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, гирду атрофро ифлос намуда, аҳолиро ба ваҳм меоранд.

Вақте ба Истаравшани бостонӣ ворид гаштам, аз партову ифлосиҳои атрофи бозори он аламам омад, ки ҳама нисбати ҷӯйборҳои ифлосу роҳҳои пур аз ифлосӣ бепарвоянд. Сагони бесоҳиб партовгоҳҳоро ишғол карда, бо овози гӯшхарош одамонро ба тарс овардаанд. Шабона қариб дар ҳама нуқтаҳои ифлосиҳо сагони дайду гаштугузор карда, ҳусни шаҳрро мекоҳонанд.

Чунин сагони бесоҳибро имрӯз дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ — шаҳраки Сомониён ва нуқтаҳои сераҳолии атрофи он дучор меоем, ки баъзан хурдсолон ба онҳо аз нодонӣ даст мезананд, нон медиҳанд, бозӣ мекунанд. Баъзан сагҳо дар ҷавоб ба онҳо хашму ғазаб карда, мегазанд.

Чунин манзараи ташвишоварро дар атрофи шаҳри Ҳисор, шаҳраки «Гипразем»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мушоҳида мекунем.

То ба кай кормандони беҳдоштӣ, масъулони ҳифзи табиат ва сохторҳои ба ин кор масъул худро ба нодонӣ зада, ба мардум ва табиати атроф зарар мерасонанд?!

Ҷамолиддин ҶАЛОЛИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *