Ҳеҷ монеа пеши тоҷиронро намегирад

-Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 2349 ҳолати ба талабот ҷавобгӯ набудани маҳсулот, ки  зиёда аз 1 млн килограмм маҳсулоти ғизоӣ ташкил медод, аз фурӯш боздошт намудем.  Ҳамчунин аз ҷониби нозирон дар бозори истеъмолии ғайрихӯрокворӣ ба миқдори 1200 зарфҳои пластикӣ, 1164,85кг маҳсулоти сохтмонӣ,  841 дона лампаҳои тасфон ва дигар намуди ашёҳо бо сабаби ба талабот ҷавобгӯ набудан, аз муомилот бозпас гирифта шуд-иброз намуд, Давлатзода Қудрат, раиси “Агентии Тоҷикстандарт” зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон.

Ӯ ба саволи хабарнигорон ҷавоб дода гуфт, ки дар шашмоҳаи сипаригардида ягон шикоят нисбати пастсифат будани гӯштҳои “Бозорчаи 33” ба Агентӣ ворид нагардидааст. Ба ин хотир рейд дар ин бозор гузаронда нашуд. Ҳамчунин нисбати ворид гардидани тухмҳои Ӯзбекистон қайд намуд, ки “дар аввали бастани шартномаҳои ҳамкорӣ ва боз шудани сарҳади ду давлат мушкилиҳои техникӣ мавҷуд буд на сифатӣ. Ба ин хотир воридот як муддат қатъ гардид. Имрӯз ҳеҷ монеа пеши тоҷиронро намегирад. Онҳо озодона тиҷорати худро идома дода истодаанд”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *