Э.Раҳмон:Доруҳи бесифатро роҳ надиҳед!
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, заҳмати табибон ҳамон вақт натиҷа мебахшад, ки агар сифати доруворӣ таъмин карда шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки солҳои охир масъалаи воридот ва муомилоти дорувории қалбакӣ, пастсифат ва муҳлати истифодааш гузашта боиси нигаронии ҷиддӣ шудааст.
“Бинобар ин, аз ширкатҳои воридкунандаи доруворӣ ва кормандони соҳаи тандурустии вилоят талаб карда мешавад, ки барои пешгирӣ кардани муомилоти дорувории қалбакӣ ва пастсифат чораҳои қатъӣ андешанд”, — таъкид намудааст Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур истифодаи гиёҳҳои шифобахши ватаниро як роҳи ҳифзи тандурустӣ дар кишвар арзёбӣ кардааст.
“Ташкили корхонаҳои дорусозӣ ва васеъ истифода бурдани гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дар табобат ва солимгардонии беморон яке аз роҳҳои кам кардани воридоти доруворӣ аз хориҷи кишвар ва баланд бардоштани самаранокии муолиҷа мебошад”, — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро муваззаф кардааст, ки барои бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешад.
“Бовар дорам, ки ҷаҳду талош ва заҳмати ҳазорон нафар табибони вилоят барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таъмин намудани нишондиҳандаҳои мусоиди вазъи саломатии сокинон, алалхусус, модарону кӯдакон, коҳиш додани бемориҳои сироятӣ ва беҳтар гардонидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳад овард”, — изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ