Эҳтиёт бошед, тарма!

Ширкати IRS – масъули нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бо зикри инки танҳо дар як шабонарӯзи охир беш аз 70 тармаро дар ин шоҳроҳ тоза кардаанд, аз ронандагону мусофирон хост, ки вазъияти фавқулоддаи ба сари онҳо омадаро низ дарк кунанд: «Дар робита ба ҳолати фавқ, теъдоди зиёди техникаҳои роҳдории филиали Ширкат дар масири роҳ фаъолияти шабонарўзӣ дошта, аз дирўз инҷониб зиёда 70 тарма бартараф шуд. Айни замон фаромадани тарма ба раванди муттасил табдил ёфтааст ва бо дарназардошти таъмини бехатарии шаҳрвандон ва фароҳам намудани шароит ҷиҳати беътахир бартараф намудани тармаҳо роҳбарияти филиали Ширкат дар ҳамоҳангӣ бо БДА ВКД ҶТ тасмим гирифтанд, ки ҳаракати нақлиётро муваққатан (барои чанд соат) боздоранд. Таъкид менамоем, ки тасмими мазкур ба ҳифзи неъмати бебаҳо — ҳаёти мусофирону ронандагон рабт дошта, мутмаинем, ки мунсифона баҳогузорӣ мегардад. Дар навбати худ, кормандони филиали Ширкат тамоми кўшишҳоро ба харҷ хоҳанд дод то дар наздиктарин фурсат ҳаракати бехатару муназзами воситаҳои нақлиёт таъмин шавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшонаш рӯзи 15 феврал дар километри 69-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд 7 нафарро аз зери тарма зинда берун кашидаанд: «Ин ҳафт нафар савори ду мошин аз Хуҷанд ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буданд. Ба ҷабрдидаҳо аввалин кумаки тиббӣ расонда шуд ва ба ҷойи амн интиқол ёфтанд. Ҳамаи онҳо аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ карданд.”

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хотиррасон кардааст, ки бар асоси пешбинии ҳавошиносон, то 17 феврал бориши барфу борон идома хоҳад ёфт ва аз ин рӯ, ронандагону мусофиронро зарур аст, ки аз эҳтиёти тамом кор бигиранд ва бидуни зарурат ба роҳ набароянд: «Дар роҳҳои мошингардиДушанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Тавилдара, Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошимяхбандиҳои шадид, лағзиши тарма, ғарам шудани барф дар назар дошта шудааст. Бахусус хатари лағзиши тарма ва сангреза таҳдид мекунад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад аз сафар ба манотиқи хавфнок, роҳҳои тармахезу сенгрези куҳӣ худдорӣ варзанд.

Ронадагон дар роҳҳо ҳангоми ҳаракат масофаро ҷиддан риоя намоянд, суръатро боло набаранд.

ХЕЛЕ ЭҲТИЁТКОР БОШЕД ВА ҲАЁТИ ХУД ВА АТРОФИЁНРО ДАР ХАТАР НАГУЗОРЕД!

Агар шумо шоҳиди ҳодисае дар роҳҳо шудед, агар лағзиши тармаро дидед, фавран ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо телефонҳои223 13 11; 221 91 19 ва ё 112.”

Дар ҳамин ҳол аз марги се нафар дар роҳи Хоҷа Оби гарм хабар дода мешвад,ки дар натиҷаи сарозер шудани мошин ба ҷарӣ рух додааст. Дар дохили ин мошин як кудак ва як марду як зан будаанд,ки ҳамагӣ ҳалок гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *