Дар Данғара боз 4 корхонаи нав ба истифода дода шуд
Дар оғози фаъолияти 4 корхонаи нави истеҳсолӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок варзиданд.
Тавре шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, нахуст корхонаи истеҳсоли рангҳо ва андоваҳои декоративии «Ғаюр саноат», ки аз ҷониби ҶДММ «Ғаюр саноат» дар масоҳати 1,36 га бо сармоягузории соҳибкорони маҳаллӣ бо роҳбарии Акмал Ғуломов ба маблағи 2,3 миллион доллар сохта шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.
Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона асосан барои содирот ба кишварҳои хориҷӣ ва бозори дохилии Тоҷикистон равона гардидааст.
Ҳамчунин, корхонаи конструксияҳои металлии «Ауфен», ки аз ҷониби ҶДММ «Ауфен» бо сармоягузории соҳибкорони Чин ва муҷаҳҳаз бо технологияи навтарини соҳа дар масоҳати 4 га бунёд шудааст, ифтитоҳ ёфт. Самти фаъолияти корхона коркарди металл ва истеҳсоли конструксияҳои металлӣ мебошад, ки ҳаҷми истеҳсоли солона дар коркарди металл 120 000 тоннаро ташкил медиҳад.
Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона асосан барои бозори дохилии Тоҷикистон ва содирот ба Афғонистон ва Россия равона гардидааст.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара Бунёди хати баландшиддати барқи 220 Квт ва зеристгоҳи 220/35/10 Квт аз ҷониби ҶДММ «Ширкати Осиёи миёнагии нафту газ ва ангишт (сармоягузории) Шенсӣ» мавриди истифода қарор ёфт.
Ин иқдом бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар асоси Созишномаи сармоягузории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ Ширкати осиёимиёнагии нафту газ ва ангишт (сармоягузории) Шенсӣ Ҷумҳурии Халқии Чин бунёди хати баландшиддати барқи 220 Квт ва зеристгоҳи 220/35/10 Квт) ба роҳ монда шуд.
Масоҳати замини корхона 1 га буда, маблағи сармоя 23 млн. долари ИМА-ро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии он 250 МгВт мебошад. Баъди пурра ба кор даровардани корхона 30 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Самти фаъолияти он кашидани хатти барқи 220 кВ аз НБО-и Сангтӯда-1 ва Зеристгоҳи Шар-шар ва бунёди Зеристгоҳи 220/35/10 кВт иборат аст.
Ҳоло дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара то имрӯз 26 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда дар думоҳаи соли 2021 ба 4 миллиону 800 ҳазор сомонӣ баробар мебошад. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ