Хатлон: Омӯзгорон аз нагирифтани маош шикоят доранд

Иддае аз омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён ҳанӯз музди меҳнати моҳи мартро нагирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки то поёни моҳи апрел чанд рӯзи дигар мондааст.

Омӯзгори яке аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён нагирифтани маоши моҳи мартро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, бо вуҷуди боло рафтани қиммати маҳсулоти хӯрока дар рӯзҳои охир, мутаассифона, ҳанӯз музди меҳнати моҳи мартро нагирифтаем. Ӯ афзуд, “Сари вақт пардохт нашудани маош дар ин шабу рӯз барои омӯзгор мушкил аст. Хуб мешуд масъалаи пардохти саривақтии маошро масъулин ҷидди назорат кунанд”.

 Як корманди Раёсати молияи ноҳияи Кӯшониён, ки нахост номашро зикр кунем гуфт, ҳамагӣ маоши омӯзгорони се ва ё чор муассисаи таълимӣ пардохт нашудаасту халос. Ӯ таъкид кард, ки имрӯз ё фардо музди меҳнат пурра пардохт мешавад.

Як манбаъ аз шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён низ нагирифтани маоши омӯзгорони чанд муассисаи таълимиро тасдиқ кард. Ба гуфти манбаъ танҳо омӯзгорони панҷ муассисаи таълимии нисбатан калон маоши моҳи мартро нагирифтаанд.

Ба Далер Шарипов, сухангӯи Сарраёсати молияи вилояти Хатлон барои гирифтани маълумот дар бораи масъалаи қарзи музди меҳнат муроҷиат кардем. Мутаассифона, аз ин ниҳод ягон нафар ҳозир нашуд, ки ба мо маълумоти заруриро пешниҳод кунад. Шояд ин хабар баъд аз  чоп пинаки масъулинро парронад?

Машраби Аловиддин  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *