Ҷеенбеков: Дар минтақаи марзӣ мулоқоти таърихӣ баргузор шуд

Дар ҷараёни мулоқоти серӯза раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон масоили марбут ба ба таъйин ва аломатгузории марзи муштараки миёни ин ду кишварро баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқоти серӯза раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон масоили марбут ба ба таъйин ва аломатгузории марзи муштараки миёни ин ду кишварро баррасӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков 26 июл дар чорроҳаи миёни Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон мулоқот карда буданд. 22 ва 23 июли соли равон дар он минтақа низои навбатии марзӣ рух дод, ки дар натиҷа як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва аз ду тараф беш аз 20 кас захмӣ шуданд.

27 июли соли 2019 дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғзистон мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков, президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид.

Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон хабар дод, ки «раҳбарони ду кишвар ба тезонидани раванди таъйини марзҳо таъкид карданд». Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон дар иттилоияи худ бештар ба гуфтугӯҳо оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ тамаркуз кардааст.

Сооронбой Ҷеенбеков зимни   натиҷагирӣ аз раванди музокироти тарафҳо  гуфт, бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон «дар минтақаи марзии ду кишвар мулоқоти таърихӣ баргузор шуд».

Тарафҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, самтҳои афзалиятноки таъмиқи минбаъдаи онҳоро муайян намуданд. 

Бино ба иттилои маркази матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таваҷҷӯҳ ба  имкониятҳои васеъ барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати афзоиши гардиши мутақобилаи мол чораҳои зарурӣ андешида, ба роҳандозии робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории бузург ва миёнаву хурд, ки нишондиҳандаи сатҳи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд, мусоидат намоянд.

Ҳамчунин мубодилаи афкор атрофи мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн сурат гирифта, амалҳои муштараки минбаъда дар сиғаи ҳамкориҳои бисёрҷониба муайян карда шуданд.

Аҳамияти таҳкими эътимод миёни мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистон, бахусус дар минтақаҳои наздсарҳадӣ, ба таври хосса таъкид карда шуд. Зарурати ба роҳ мондани амалияи  мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии муштарак, иштироки ҷонибҳо дар консертҳо ва фестивалҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин фаъол гардонидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, варзиш ва сайёҳӣ қайд карда шуд.

28 июл сафари кории  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар  Қирғизистон анҷом ёфт ва Сарвари давлат аз шаҳри Чолпон-Ота ба шаҳри Душанбе баргашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *