Экспедитсияи «МегаФон» дар Бадахшон
Ширкати МегаФон имрӯз яке аз ширкатҳои пешсафи бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон буда, торафт ҷуғрофияи хизматрасонии худро васеъ гардонида истодааст. Ширкат тасмим гирифт, ки ин навбат ба ВМКБ экспедитсияи куҳиро бо унвони «МегаФон дар боми ҷаҳон» ташкил намояд. Иқдоми мазкур аз 25 то 31- уми июли соли ҷорӣ сурат гирифта, дар он хабарнигорон, блокнависон ва ҷавонони фаъол аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ширкат варзиданд. Тавре ки менеҷери лоиҳаҳои бузург ва ҳамкории минтақавӣ Суруш Раҳмонӣ зикр намуд: «Нахуст корвони ҷавонони эҷодкор ва кормандони ширкати мобилилии МегаФон ба ноҳияи Дарвоз сафар намуда, сипас ба деҳаи Шипади ноҳияи Рӯшон раҳсипор шуд. Ширкат дар ин деҳа истгоҳи базавӣ ифтитоҳ намуд ва ба шарафи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро «Истиқлолият» номгузорӣ кард. Лоиҳаи мазкур соли 2-юм аст, ки баргузор гардида, мақоми байналмилалӣ гирифтааст. «Насби антеннаҳои ширкат ба саломатии сокинон безарар аст»,- мегӯяд Суруш Раҳмонӣ ва иброз медорад, ки ҳадафи асосии амалисозии чунин лоиҳаҳо беҳтар намудани алоқа ва ҷалби бештари муштариён аст. Сокини деҳаи Шипад, омӯзгори собиқадор Ғуломов Ҳоҷамурод дар суҳбат бо мо зикр намуд, ки сокинони деҳа аз ширкати «МегаФон» розӣ ва миннатдор ҳастанд, ки баҳри алоқаи хушсифат ба онҳо шароити лозимаро фароҳам овардааст.
«Пештар мо маҷбур мешудем, ки барои тамос бо пайвандон то 65 км-роҳро тай намуда ба маркази ноҳия равем, ҳоло бошад ба алоқаи хушсифат ва Интернет дастрасӣ дорем»,- мегӯяд ин омӯзгори собиқадор ва ба ширкати «МегаФон» барои ғами сокинони деҳаҳои дурдастро хӯрданаш миннатдории бепоён изҳор менамояд.
Иштирокчиёни лоиҳа дар шаҳри Хоруғ, дар Шуғнон, Ишкошим ва водии Аличури Мурғоб сифати алоқаро санҷиданд. Сокини шаҳри Хуҷанд, аксбардор Абдуҷалил Каримов, ки яке аз иштирокчиёни лоиҳа мебошад, мегӯяд: «Ин лоиҳа натанҳо барои мо, иштирочиёни экспедитсия, балки барои кулли сокинони кишвар муфид аст, зеро аксҳое, ки мо гирифтем дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн хоҳанд гашт. Чунин лоиҳаҳо барои рушди туризми дохилӣ дар Тоҷикистон кӯмаки назаррас мерасонад. Сафар ба Бадахшон шахсан барои ман кашфи дунёи нав буд. Пас аз ин сафар боварӣ ҳосил намудам, ки 93 %- Тоҷикистон воқеан кӯҳсору афсонавӣ будааст. Ширкати «МегаФон» бо гузаронидани чунин лоиҳа бори дигар бартарии худро нисбати рақибонаш нишон дод…»
Истгоҳи дигаре, ки иштирокчиёни лоиҳа бо он шинос шуданд, дар водии Аличур насб гашта буд. Роҳбари идораи минтақавии «МегаФон» дар ВМКБ Раим Садоншоев ҳозиринро бо иқтидор ва имкониятҳои истгоҳ ошно намуд. Номбурда, зикр кард, ки чун водии Аличур дар шоҳроҳи байналмилалӣ ҷойгир шудааст, аҳамияти бузурги стратегӣ ва иқтисодӣ дорад. Аз ин хотир насби истгоҳ барои пешниҳоди хизматрасонии босифат ба сокинону меҳмонон ва тоҷирон иқдоми саривақтӣ шуд. Қобили зикр аст, ки ин истгоҳ дар баландии 3800 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, яке аз истгоҳҳои беназири камуникатсионӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Лоиҳаи мазкур барои кулли иштирокчиён ҷолибу хотирмон ва фаромӯшнопазир буд. Бо шарофати Ширкати мобилии МегаФон мо бо табиати нотакрори як гӯшаи диёри нозанинамон- Бадахшон ошно гаштем. Ин лоиҳа бори дигар исбот намуд, ки МегаФон ҳамеша барои хизматрасонии босифат ба муштариён дар шароити гуногун омода мебошад ва минбаъд низ дар ин самт талош меварзад.
Рустам Азимов
Душанбе – Дарвоз –Ванҷ- Рушон – Шуғнон — Ишкошим – Мурғоб- Хоруғ — Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ