Экспансияи олимон ва илм    

“Мо намеҳаросем, аз камбудиҳоямон меомӯзем”, — мегӯяд  вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид

— Муҳтарам вазир, нахуст мехостам вобаста ба чанд ислоҳот дар соҳаи маориф суҳбат кунем. Соли равон  дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низоми таълими фосилавӣ роҳандозӣ гардид.  Моҳияти ин низом аз чӣ иборат аст?

— Низоми таҳсилоти фосилавӣ яке аз шаклҳои нисбатан пешқадами таълим дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, дастрасии таҳсилоти олии касбиро, новобаста аз мавзеи ҷойгиршавии муассисаҳои таълимӣ ва субъектҳои раванди таълим, бо истифодаи усулҳои муосири тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва ба талаботи бозори дохилӣ ва берунии меҳнат ҷавобгӯ будани онҳо таъмин менамояд.

Мақсади асосии амалигардонӣ ва рушди таълими фосилавӣ ба шаҳрвандон дар ҳама гӯшаю канори кишвар ва хориҷ аз он пешниҳод намудани шароити таълими яксон, ҳамчунин, баланд бардоштани дараҷаи маълумот аз ҳисоби истифодаи иқтидори илмӣ ва таълимии донишгоҳҳо, академияҳо, донишкадаҳо, марказҳои такмили ихтисос ва азнавтайёркунии мутахассисон ва дигар шаклҳои таълимӣ мебошад. Инчунин, таълими фосилавӣ барои бевосита аз худ кардани барномаҳои асосӣ ва ё таҳсилоти иловагии касбӣ, таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар ҷои истиқомат ва ё истиқомати муваққатӣ ба таълимгирандагон имкон медиҳад. Яъне донишҷӯ метавонад, дар як вақт дар Маскав ё Хуҷанд қарор дошта, дар Душанбе таҳсил кунад. Таҳсил дар низоми фосилавӣ тариқи интернет сурат мегирад.

 Яке аз талаботи асосии ташкили раванди таълим дар низоми таҳсилоти фосилавӣ мавҷуд будани заминаи моддию техникӣ ва барномаи электронии идоракунии раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ба ин хотир, имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 560 китобхонаи электронӣ, 771 синфхонаи компютерӣ бо 8670 компютери корӣ фаъол аст. Дар муассисаҳои таълимӣ 8682 компютер бо интернет пайваст мебошад.

То ба имрӯз дар 28 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар низоми таҳсилоти фосилавӣ амал намуда истодааст. Айни замон аз низоми мазкур муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мақомоти низомӣ, филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.  Сатторов, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара берун мебошанд.

— Ислоҳоти чашмраси дигар дар соҳаи маориф ин гузариш ба таҳсилоти босалоҳият мебошад. Мехостам, дар ин бора равшанӣ андозед.

  —  Мақсади гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим мусаллаҳ намудани хонанда ва донишҷӯ ба дониш, малака ва қобилиятҳое, ки ӯро барои дар ҳаёт муваффақ гаштан омода менамоянд, мебошад. Муносибати мазкур тамоми ҷанбаҳои таълиму тарбияро фаро гирифта, объект ва субъектҳои раванди таълимро барои ташаккул ёфтани салоҳиятҳои асосӣ муваззаф мегардонад. Муносибати босалоҳият ба таълим имконият медиҳад, ки хонанда донишу малакаҳои азхудкардаашро дар амал татбиқ карда, ҳангоми зарурат дар шароити муқаррарӣ ва ғайримуқаррарӣ ба таври самаранок истифода бурда тавонад.

  Гузариш ба муносибати босалоҳият дар таълим ҳамчун рукни асосии ислоҳоти мундариҷаи таълим дар “Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020” муқаррар гаштааст. Ба мақсади татбиқи ин ҳадаф Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёдро ба  иҷро расонид. Гузариш ба муносибати босалоҳият давра ба давра мувофиқи зинаҳои таҳсилот ва сикли фанҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Гузариш ба муносибати босалоҳият дар натиҷаи озмоиши илман асоснок, ки соли таҳсили 2015-2016 гузаронда шуда буд, ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, соли таҳсили 2016-2017 зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ба муносибати босалоҳият гузашт.

Ба мақсади таъмини самаранокии гузариш ба муносибати босалоҳият маводи таълимиву методӣ, аз ҷумла Стандарти фанҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, 30 номгӯи роҳнамои омӯзгор барои 8 фанни таълимии зинаи таҳсилоти ибтидоӣ (синфҳои 1-4), 11 номгӯи замима ба китобҳои дарсӣ таҳия ва дастраси омӯзгорон гардонида шуданд.

Ҳамзамон, стандартҳои фанҳои забони тоҷикӣ ва математика барои зинаи таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ ва роҳнамоҳои омӯзгор барои ин ду фан омода ва дар муассисаҳои таълимии интихобӣ озмоиш шуданд. Мутаносибан дар оғози соли таҳсили 2017-2018 гузариши ин ду фан ба муносибати босалоҳият ба таълим дар тамоми синфҳои зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) таъмин гардид. Моҳи январи соли 2018 зиёда аз 24 000 омӯзгори фанҳои табиӣ низ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим дар миқёси минтақа беназир буда, ҷанбаҳои асосии ислоҳоти мундариҷаи таълимро инъикос менамояд.

 — Яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳаи моариф нарасидани кадрҳо аст. Аммо дар нишасти матбуотӣ ахиран ишора кардед, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин шудаанд.

— Бале, дуруст аст. Имрӯз мо дигар чун 5-10 сол қабл эҳтиёҷ ба кадр надорем. Бояд дар назар дошт, ки таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти маориф қарор дорад.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 120 635 нафар омӯзгор дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 68 867 нафар зан мебошанд. Аз ин шумора 9379 нафар дар синну соли нафақа фаъолият намуда, 4423 нафар дар рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини кӯдак қарор доранд. Таҳлилҳо нишон дод, ки бо назардошти зиёд гардидани аҳолӣ теъдоди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамасола зиёд мегардад, ки барои ба таҳсил фаро гирифтани онҳо ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгор ҳар сол аз 3500 то 4000 ҳазор нафар омӯзгор омода кардан зарур аст.

Вобаста ба ин, дар соли 2017 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро бо равияи омӯзгорӣ 4425 нафар мутахассиси ҷавон аз тариқи буҷавӣ хатм намуда, дар асоси роҳхати вазорат аз рӯйи ихтисос ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фиристода шуданд.

Чун муассисаҳои таълимӣ бо кадр таъмин аст, мо ният дорем, ки акнун бештар ба сифати фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳ намоем. Дар ин самт корро низ шурӯъ кардем ва чанде пеш аттестатсияи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумиро дар шаҳру ноҳияҳо анҷом додем. Бо навбат давра ба давра тамоми омӯзгорон низ аз аттестатсия гузаронида мешаванд. Ин, албатта, тақозои замон ва ногузир аст.

— Бубинед, сифати таҳсилот, пеш аз ҳама, аз шароити хуби муассисаи таълимӣ вобаста аст. Солҳои охир мактабҳои зиёд бунёд мешаванд, аммо ҳамоно дар як синфхона то 45 нафар таҳсил мекунанду дар баъзе деҳаҳаҳо мактабҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

-Ҳама чиз як бора ба даст намеояд. Мо зина ба зина мушкилотамонро бартараф мекунем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон намуда, дар самти бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Дар 5 соли охир (2013-2017) дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблаѓгузорӣ 999 бинои муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 176230 ҷойи нишаст дар як баст сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дод шудааст. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 40 бинои муассисаи таълимӣ барои 5937 ҷойи нишаст, дар вилояти Суѓд 220 бинои муассисаи таълимӣ барои 39769 ҷойи нишаст, дар вилояти Хатлон 408 бинои муассисаи таълимӣ барои 73085 ҷойи нишаст, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 331 бинои муассисаи таълимӣ барои 57439 ҷойи нишаст.

Танҳо дар соли 2017 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблаѓгузорӣ 130 бинои муассисаи таълимӣ барои 30679 ҷойи нишаст дар як баст бо маблағи умумии 431 млн. 516 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Бо мақсади баланд бардошти пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ ва бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» таҳия гардид. Ба барномаи мазкур сохтмони 21 муассисаи таълимӣ барои 3024 ҷойи нишаст ва ивази мактабҳои дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қарордошта (бо маблағи 21 млн. сомонӣ) дар назар дошта шудааст.

Инчунин, ба ивази муассисаҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ва ё ба ҷойи нишасти иловагӣ ниёз доранд, сохтмон ва азнавсозии 314 муассисаи таълимӣ барои 71588 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, вобаста ба деҳаҳои навбунёд сохтмон ва азнавсозии 231 муассисаи таълимӣ барои 35538 ҷойи нишаст дар назар дошта шудааст.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаи мазкур дар вилояти Хатлон 566 бинои муассисаи таълимӣ барои 110150 ҷойи нишаст дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар ҳолати садамавӣ қарордошта азнавсозӣ карда шуда, дар деҳаҳое, ки навбунёд ҳастанд, муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

-Мушкилоти дигари соҳаи маориф, ки ҳамеша матраҳ мешавад, норасоии китобҳои дарсӣ аст. Барои бартараф кардани ин мушкилот ақаллан дар ду соли охир вазорат чӣ корҳоро анҷом дод?

— На танҳо ду сол, балки 5 соли охирро метавонам қайд кунам. Давоми панҷ соли охир (аз соли 2012 то соли 2017) аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чопи 203 номгӯйи китоби дарсӣ ба миқдори 15 миллиону 96 ҳазору 775 нусха ва ба маблағи 119 миллиону 955 ҳазору 607 сомонӣ тавассути ширкатҳои ноширии ватанӣ ба роҳ монда шудааст.

Инчунин, дар соли 2018 нашри 58 номгӯйи китобҳои дарсӣ бо теъдоди 3 миллиону 153 ҳазору 201 нусха ба маблағи 7 105 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни замон нашри 20 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 1 миллиону 601 ҳазору 450 нусха ба маблағи 17 миллиону 97 ҳазору 113 сомонӣ дар ширкатҳои ноширӣ идома дорад.

Дар ин муддат дар самти таҳияи адабиёти таълимӣ барои ақаллиятҳои миллӣ низ як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуд. Аз ҷумла, бо мақсади таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимоташон бо забони русии ҷумҳурӣ, дар навбати аввал таълифи китобҳои дарсии «Забони давлатӣ» барои синфҳои 2–11 пурра ба анҷом расида, айни замон чопи онҳо бо теъдоди умумии 246 ҳазору 450 нусха идома дорад.

Имрӯз анбори вазорат пур аз китоби дарсист. Ин ҷо айб дар роҳбарони муассисаҳост, ки муроҷиат намекунанд ва хонандагонашонро бо китоб таъмин намесозанд.  Роҳбарони муассисаи таълимӣ ё мудирони шуъбаи маориф дар ҳолати зарурат метавонанд муроҷиат намоянд ва дархости худро қонеъ созанд.

— Чун сухан аз китоби дарсӣ рафт, мехостам дар мавриди таъмини китобхонаи мактабҳо бо китобҳои бадеӣ ҳарф бизанем. Чанд соли пеш китобхонаҳои мактаб солҳо китоби нави бадеӣ дастрас намекарданд… 

— Ин чанд сол пеш буд. Ҳоло мо китобхонаҳоро бо китоб таъмин мекунем. Дар давоми панҷ соли охир, аз соли 2012 то соли 2017 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чопи 167 номгӯй китоби бадеӣ ба миқдори 2 миллиону 300 ҳазору 60 нусха бо маблағи 8 миллиону 771 ҳазору 144 сомонӣ тавассути ширкатҳои ноширии ватанӣ аз чоп баромад. Аз ин теъдод 1 миллиону 731 ҳазору 600 нусха китобҳои бадеӣ бо маблағи 5 миллиону 92 ҳазору 236 сомонӣ дар доираи маблағҳои лоиҳаи Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф нашр шуда, ба тамоми муассисаҳои таълимӣ аз ҳар як китоб 10 нусхагӣ дастрас гардонида шуд.

Айни замон нашри 4 номгӯй китоби бадеӣ дар ширкатҳои ноширии ватанӣ ба миқдори 16 ҳазор нусха ва маблағи 266 ҳазору 330 сомонӣ идома дорад.

Илова бар ин, тайи се соли ахир аз ҷониби муассисаи нашриявии «Адиб» 274 номгӯй китоби бадеӣ ба миқдори 194 ҳазору 216 нусха ва бо маблағи 2 миллиону 68 ҳазору 525 сомонӣ харидорӣ ва ба китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фиристода шуд. Ҳоло бошад, 54 190 нусха китоби бадеӣ бо маблағи 623 404 ҳазор сомонӣ харидорӣ шудааст, ки рӯзҳои наздик ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фиристода мешаванд.

Дар баробари ин, Вазорати маориф ва илм 194 номгӯй асарҳои бадеиро аз осори адибони классик ва муосири тоҷик, инчунин, асарҳои машҳури адибони ҷаҳонӣ омода кардааст, ки ин китобҳо давра ба давра нашр мешаванд. Айни замон вазорат тасмим гирифтааст, ки бо ҳамкории лоиҳаи USAID – «Ҳамроҳ бихонем» теъдоди 40 номгӯй китобҳоро барои хониши беруназсинфии хонандагони синфҳои 1–4-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нашр ва дастрас гардонад.

Ин нукта ҳам боиси қайд аст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимӣ шурӯъ аз моҳи сентябр хониши китоби бадеӣ ҳатмӣ гардонида мешавад. Яъне, барои хонандагон номгӯйи китоби бадеӣ мутаносибан ба синф ва синну сол муайян шуда, дар рӯзномаашон саҳифаҳои алоҳида ҷой дода мешавад. Хонанда дар вақти муайяншуда китоби интихобкардаашро хонда, дар назди роҳбари синф ё омӯзгори фанни забон ва адабиёт хулосабарорӣ карда, дар рӯзномааш баҳо мегирад. Барои донишҷӯён бошад, нақшаҳои инфиродӣ таҳия шудааст, ки илова ба китобҳои дар мактаб хондаашон боз китоби бадеии дигарро мутолиа карда, баҳо мегиранд.

  — Тибқи супориши Президенти мамлакат ҳангоми қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ имсол бояд имтиҳони хаттӣ-эссе ҷорӣ гардад. Дар ин самт чӣ чораҳо андешида шуданд?

-Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти кишвар ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон (1 сентябри соли 2015) шурӯъ аз соли 2018 дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ кори хаттӣ ҷорӣ карда шуд. Вобаста ба ин, Маркази миллии тестӣ дар давоми солҳои 2011–2013 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чанд маротиба озмоиши кори хаттӣ (навиштани диктант ва иншо) доир намуд. Натиҷаҳои озмоиш дар маҷлиси назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013 баррасӣ гардида, қарор қабул карда шуд, ки кори хаттӣ ба тарзи эссе – иншои мухтасар роҳандозӣ шавад.

Дар робита бо ин, барои ёрӣ ба омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ “Дастур доир ба тарзи таълифи эссе” омода гардид. Дастур аз ду бахш – “Тавсияҳои методӣ доир ба тарзи таълиф, тафтиш ва холгузории эссе (кори хаттӣ)” ва “Маводи иловагӣ барои омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагон оид ба таълифи эссе” иборат буда, бо забонҳои тоҷикию русӣ ба тамоми муассисаҳои таълимӣ ирсол карда шудааст.

Тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дар давоми як моҳ дастури таълифи эссе ба ҳама таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ омӯзонида мешавад.

Эссе дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо забони таҳсили хонанда навишта шуда, меъёрҳо бо имлои ҳамон забон мувофиқ омода карда мешаванд. Дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, довталабон эссеро вобаста ба интихоби забони таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо забони давлатӣ ва ё бо забони русӣ менависанд ва меъёрҳои баҳогузорӣ низ тибқи қоидаи имло ва аломатҳои услуб ва китобати ҳамон забонҳо муайян мегардад.

Бо мақсади омодагии бештар ба таълифи эссе номгӯи мавзӯъҳои эссе аз адабиёти классикӣ, муосир ва дар мавзӯъҳои озод (аз адабиёти тоҷик ва рус) низ ба тамоми муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шудааст. Довталабон аз панҷ мавзӯи пешниҳодшуда (яке аз адабиёти классикӣ, дигаре аз адабиёти муосир ва се мавзӯи озод) як мавзӯъро озодона интихоб карда, эссе менависанд.

Қобили таъкид аст, ки дар таълифи эссе бештар ба мундариҷаю муҳтавои он таваҷҷуҳ карда мешавад. Аз ин рӯ, агар кори хаттии довталаб ба меъёрҳои муқарраршуда пурра ҷавобгӯ бошад, ба он 30 хол гузошта мешавад, ки аз онҳо 18 хол барои мазмуну мундариҷа ва 12 хол барои риояи қоидаҳои имло, аломати китобат ва услуб аст.

-То ҷое огоҳ шудем, чандест, ки   Кодекси маориф таҳия гашта истодааст. Рафти таҳияи кодекс дар кадом сатҳ аст?

— Бале, лоиҳаи Кодекси маориф аз ҷониби коршиносони соҳа омода шудааст. Кодекси мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва кафолати давлатии ҳуқуқ ба таҳсили шаҳрвандонро муайян намуда, ба таъмини риояи манфиатҳои қонунии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии таҳсил ва мусоидат ба таъсиси низоми самарабахши таҳсилоти муттасил равона гардидааст.

Кодек бо забони русӣ тарҷума шуда, барои мувофиқа ба 13 вазорату кумита фиристода шудааст. Он рӯз дур нест, ки Кодекси маориф тасдиқ шуда, дастраси ҳамагон гардад.

-Шумо дар баробари вазири маориф будан фаъолона ба иншои асарҳои илмӣ машғулед. Ҳар замон бо асарҳои наватон вохӯрда меистем. Доир ба чанд дастоварди илмии худ дар солҳои охир бигӯед ва аз нақшаҳоятон низ моро огоҳ кунед. 

— 3 монография, 12 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, беш аз 55 мақолаи илмӣ ва даҳҳо мақолаҳои илмию оммавӣ таҳия кардам. Танҳо дар ду соли охир 10 осори илмӣ, аз ҷумла китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ — «Фалсафа ва методологияи илм», «Мантиқ», маҷмӯаи мақолаҳо бо номи «Истиқлол, ҷомеа, маориф ва илм», мақолаҳои ҷудогонаи «Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан», «Маориф ва илми Тоҷикистон дар давраи Истиқлолият», «Марҳалаи муҳими пешрафт барои ҷавонон», «Вахш дар даврони қадим ва асрҳои миёна», «Вожаи «ғар» ва шарҳу тафсири он дар адабиёти илмӣ» ва ғайра ба чоп расидаанд. Дар зери таҳрири банда тазкираҳои асримиёнагии «Лубоб-ул-албоб», «Маҷолис-ун-нафоис», «Туҳфаи Сомӣ», «Тазкираи майхона», «Калимот-уш-шуаро» ва «Риёз-уш-шуаро» таҳия шуда, чандин тазкираҳои дигаре таҳия шуда истодаанд.

Ҳоло ба таълифи китоби дарсии «Фалсафа» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, китоби «Таърих ва фалсафаи илм», китоби «Диншиносӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва силсилаи китобҳо андар шинохт, нигаҳдошт ва рушди арзишҳои миллӣ бо номи умумии “Бидон!” машғулам, ки дар 21 муҷаллад ба мавзӯъҳои ҷолиб андар шинохти халқу миллати куҳанбунёди тоҷик, низоми давлатдории миллии тоҷикон дар масири таърих, ватан ва ватандорӣ дар зеҳн ва шуури таърихии тоҷикон, расму ойин, ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангии мардуми мо ва амсоли он барои доираи васеи хонандагон бахшида шудаанд.

-Чандест, ки дар Тоҷикистон ВАК (КОА) таъсис дода шуд. Назари шумо ба фаъолияти ин ниҳод чӣ гуна аст?

-Мусбӣ, албатта! Таъсис ёфтани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами устувори кишвари азизамон дар истиқлолияти илмӣ аст. Мо 27 сол аст, соҳибистиқлол ҳастем. Акнун вақти он аст, ки истиқлоли илмӣ низ дошта бошем.

Албатта, дӯстони дар нохунак дохилӣ ва хориҷӣ нисбат ба олимон ва илми мо таҳоҷум (экспансия) оғоз карданд, вале мо аз ин намеҳаросем. Чӣ тавре мегӯянд:

 Санги бадгавҳар агар косаи зарин шиканад,

Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.

 Мо дар камбудиҳоямон меомӯзем ва комил мегардем.

-Ташаккур!

 

Мусоҳиб

Одили Нозир,

“Тоҷикистон”

  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *