Эксперт барои маълумоти бардуруғ бояд ҷавоб гӯяд

Прокуратураи  ноҳияи Турсунзода алайҳи мутахассиси Ташхисгоҳи шӯъбаи корҳои  дохилӣ барои нишондоди бардурӯғ дар бораи марги як духтари ноболиғ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. 

Мирзошариф Шарифзода, сарпрокурори шаҳри Турсунзода гуфтааст, ки  коршиноси судии ташхисгоҳи Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия бар асоси моддаи 351-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ва ё дидаю дониста хулосаи ғалат додани коршинос ҳангоми таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ё дар суд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст. Ин модда то 5 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. Шарифзода гуфт, номи корманди ташхисгоҳи

ҷиноӣ ба хотири халал нарасидан ба ҷараёни тафтишот пинҳон дошта мешавад. Вай гуфт, ин ташхисгоҳ баъди омӯхтани ҷасади духтари ноболиғ дар ибтидо маълумот пешниҳод кардааст, ки гӯё ӯ худкушӣ кардааст, вале баъди мудохилаи додситонӣ ин ҳодиса аз нав ташхис карда шуд ва маълум шуд, ки ин ҳодиса куштор будааст. Мирзошариф Шарифзода афзудааст,ки  дар рӯзҳои наздик таҳқиқи парвандаи куштори духтари ноболиғ ба анҷом мерасад ва барои муҳокима ба додгоҳи ноҳия ирсол мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *