Электромобил. Воридот зиёд, вале нарх гарон
Давоми соли 2023 воридоти электромобилҳо ба Тоҷикистон ба маротиб афзоиш ёфтааст, ки Тоҷикистонро барои татбиқи сиёсати “иқтисоди сабз” як қадам наздиктар мекунад. Зеро мошинҳои куҳнаи хориҷӣ, ки асосан дар Тоҷикистон мавриди истифода ҳастанд, яке аз сабабҳои олуда шудани ҳаво ба ҳисоб мераванд. Аммо бо вуҷуди афзоиши воридот, сокинон мегӯянд, ки нархи электромобил ҳанӯз ҳам барояшон миёншикан аст.
Хуршед КАРИМЗОДА, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон:
-Давоми соли гузашта наздики сеюним ҳазор мошини барқӣ ба кишвар ворид шудааст. Ин теъдод мошинҳои барқӣ ба маблағи бештар аз 58 миллион доллар ворид шуда, нисбат ба соли 2022-юм 2558 адад зиёд аст. Давра ба давра воридоти чунин мошинҳо зиёд мешавад.
Мошинҳои электронӣ асосан аз тарафи шахсони воқеӣ ворид шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки аввали соли 2022 парлумони Тоҷикистон воридоти нақлиёти барқиро ба муҳлати 10 сол аз боҷи гумрукӣ озод кард. Воридоти нақлиёти барқӣ ҳамчунин аз андози арзиши иловашуда ва аксиз озод аст.
Ин ба талаби Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои байналмилалӣ мувофиқ аст, ки Тоҷикистон бештар ба самти “иқтисоди сабз”, яъне безарар барои муҳити зист ҳаракат кунад.
Самариддин ҶАЛИЛОВ, ронанда:
Ман маҷбурам, ки электромобил харидорӣ кунам, зеро ронандаи таксӣ ҳастам. Қарор аст, ки ҳама ширкатҳо ба электромобил гузаранд. Ман 3 сол қарзи мошинамро пардохт кардам. Акнун маҷбурам, ки 5 соли дигар қарзи электромобилро диҳам. Нархи электромобилҳо аз 200 то 300 ҳазор сомонӣ аст.
Албатта, агар арзонтар бошад, электромобил ҳазор маротиба беҳтар аз мошини бензинӣ аст. Дар 50 сомонӣ барқ мемонӣ, аз 200 то 250 километр мегардӣ.
Чанде пеш гуфтанд, ки дар Душанбе заводи электромобил месозанд. Умедвор будем, ки нархи он арзон мешавад, аммо ба хаёлам ин нақша амалӣ нашуд. Агар барои мо сабукӣ дода шавад, барои харидани электромобил имтиёзҳо диҳанд, хуб мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ