Эъломияи Чиндао ва узвияти Тоҷикистон ба Шӯрои Амният
Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай рӯзи 10 июн дар анҷоми нишасти худ дар шаҳри Чиндаои Чин Эъломияи Чиндаоро имзо карданд.
Дар ин эъломия нуқтаи назари кишварҳои узви ин созмон ба масоили муҳими ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баён шудааст. Дар бандҳое, ки ба Тоҷикистон вобастагӣ дорад, сарони кишварҳои узви Созмони Шанхай бо таъкид ба зарурати таҳкими нақши калиди Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар таъмини сулҳу суботи ҷаҳон, ташвиқи рушди саросарӣ ва ҳимояти ҳуқуқи инсон гуфта мешавад, «кишварҳои узв нияти Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбарии номзадиашон ба мақоми узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ таъкид мекунанд.” Ҳанӯз маълум нест, ки оё дар ниҳоят аз ин ду кишвари Осиёи Марказӣ шонси кадоме барои расидан ба узвити Шӯрои Амният бештар аст ва оё Тоҷикистону Қирғизистон барои ба даст овардани курсии узви ғайридоимии Шӯрои Амният бо якдигар вориди рақобат мешаванд ваё ин рақобати ду ҳамсоякишвар тавассути муомилаҳо аз пеш ҳал хоҳад шуд. Соли 2017 бори аввал дар тӯли беш аз 70 соли таърихи Созмони Милал Қазоқистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ шуд, ки ба курсии узви ғайридоимии Шӯрои Амният нишаст. Узвияти Қазоқистон дар ин ниҳоди баланди тасмимгири ҷаҳонӣ як сол давом мекунад. Шӯрои амният аз 15 узв – 5 узви доимӣ (Амрико, Бритониё, Фаронса, Русия ва Чин) ва 10 узви ғайридоимӣ, ки аз 5 минтақаи олам барои ду сол интихоб мешаванд, иборат аст. Ҳоло ба ғайри Қазоқистон боз Гвинеяи Экваторӣ, Кувайт, Эфиопия, Кот-дивуар (Соҳили Оҷ), Боливия, Шветсия, Перу, Полша ва Ҳолланд узви ғайридоимии Шӯрои Амният мебошанд. Шӯрои амният яке аз 6 ниҳоди асосӣ дар сохтмори Созмони Милал ба шумор рафта, ҳамчун ниҳоди доимамалкунанда масъулияти таъмини сулҳу суботи ҷаҳониро ба ӯҳда дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ