Эълони хисороти муноқишаҳои марзӣ
Бо гузашти 20 рӯз аз оғози таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон хисороти ин муноқиша эълон шуд. Мақомоти кишвар аз комилан хароб шудани 85 хона ва осебпазир гардидани бештар аз 180 оила дар даргириҳо хабар доданд.
Музаффар Юсуфзод, сухангӯи раиси вилояти Суғд ба Рressa.tj гуфт, ки дар шаҳри Исфара 69 хонаву 90 оила аз ҳамлаи мусаллаҳонаи сарбозони Қирғизистон зарар дидаанд. Ҳамзамон, ӯ иттилоъ дод, ки дар ҷамоати Хистеварзи деҳаи Овчиқалъача дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 16 хона комилан ба хок яксон шуда, 90 манзили дигар қисман зарар дидааст.
Ба гуфти манбаъ, дар шаҳри Исфара айни замон Ситоди вилоятӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои наздисарҳадӣ фаъолият дошта, бартарафкунии оқибатҳои даргириҳо идома дорад.
“Барои анҷоми сохтмони манзилҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат семент, шифер, арматура, хишт, тахта ва дигар масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардидааст. Дар ин баробар, ҳукумати вилояти Суғд ва мақомоти маҳаллаҳои зараридада ба таври ҷудогона масолеҳи сохтмонӣ ва ҳама намуди лавозимоти заруриро таъмин менамоянд. Соҳибкорон низ аз ин ташаббус ҷудо нестанд”,- гуфт сухангӯи раиси вилояти Суғд.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи муноқишаи хунини мусаллаҳонаи рӯзҳои 14-17-уми сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 75 нафар аз ҷониби Тоҷикистон фавтида, беш аз 200 нафар захмӣ шуданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, дар натиҷаи муноқиша дар марз, дар вилояти Бодканд, ки ҳаммарз бо вилояти Суғд аст, 321 хона, ҳафт мактабу панҷ кӯдакистон ва дигар иншооти мулкӣ осеб дидаанд. Қирғизистон зарари молияшро 18 млн доллар эълон кардааст. Теъдоди фавтидагон аз ҷониби Қирғизистон 63 нафар гуфта шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ